3.1 C
Dushanbe
21.12.2024

ТАБРИКОТИ ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24” БА МУНОСИБАТИ ИДИ ҚУРБОН

Бо номи Худованди Бахшоянда ва Меҳрубон

Ҳамватанони гиромӣ!

Бо арзи адаб ва эҳтиром ба ҳамаи шумоён, Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” шуморо ба муносибати Иди саиди Қурбон, яке аз муқаддастарин идҳои Исломӣ, ки дар он Панҷ рукни Ислом амалӣ мешаванд, табрику таҳният мегӯяд.

Иди Қурбон барои тамоми мусалмонони ҷаҳон рамзи Имон, Ихлос ва Қурбонӣ дар роҳи ҳақ мебошад. Ин иди бузург моро ба ёд меорад, ки бо тақво, итоат ва хушрафторӣ дар назди Худо ва мардум бояд саъий кунем, то ҳаёти маънавии худро бо меҳр ва адолат пур намоем.

Ҳаракати сиёсии “Гуруҳи-24” ҳамчун мухолифи ҳукумати имрӯза ва ҷонибдори адолату ҳақиқат, орзу дорем, ки ин иди муборак барои ҳар як хонаводаи тоҷик сарчашмаи баракат ва хушнудӣ гардад. Ва мардум ҳақи кӯдакони худ, “Идгардак” мегуянду хонаҳои якдигар мераванд ва бо тамоми эҳсоси хурсандӣ ва бо садои “ИДАТОН МУБОРАК”- гӯён, дари хонаҳои мардумро мекубиданд, баргардонанд ва хонаҳои якдигарро бо садои Қуръон фораму мунаввар созанд.

Дар ин рӯзҳои муқаддас, мо аз Худованди Мутаол дуогӯем ва хоҳонем, ки ҳамаи мусалмононро дар ҳар куҷое, ки ҳастанд, дар сулҳу оромӣ ва бо ҳамдигарфаҳмӣ нигоҳ дорад.

Мо боварӣ дорем, ки ҳар як фарди тоҷик метавонад бо кӯшиш ва иродаи худ, ояндаи дурахшон ва беҳтари Тоҷикистонро созад. Дар ин Иди Азҳо, мо ҳамаи шуморо ба ваҳдат, меҳрварзӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват менамоем, то якҷоя барои адолат, озодӣ ва шукуфоии кишвари азизамон талош варзем.

Бо орзуи беҳтаринҳо ва табрикоти самимӣ…

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”.

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза