0.1 C
Dushanbe
21.12.2024

Табрикоти Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Инак моҳи шарифи Рамазон, моҳи нузули Қуръони азимушшон, моҳи тақвову порсоӣ ва хайру саховат фаро мерасад. Ин моҳи муборак аз замони нузули Қуръони карим ба Паёмбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) ҷашн гирифта мешавад. Баробари мушоҳидаи тулӯъи моҳи нав тамоми мусулмонони ҷаҳон ин ваҳйи илоҳиро бо оғози моҳи бозтоби замиру ботин, таҷдиди рӯҳу эътиқод ва намозу ибодат қадрдонӣ мекунанд.


Дар давоми ин моҳ мусулмонон аз субҳи содиқ то ғуруби шом рӯза гирифта, Қуръони шарифро қироат мекунанд ва нисбати ҳамдигар аъмоли неку хайрхоҳона анҷом медиҳанд. Бо иҷрои ин амалҳо онҳо ба ҳадафи камолоти рӯҳии худ бо диди тозае нигариста, ҳисси шукру сипосгузории онҳо аз файзу раҳмати Худованди карим қавитару устувортар мегардад.

Мо дар давоми ин моҳ имконият дорем, ки дар бораи файзу неъматҳое, ки ба мо ато гаштаанд, мулоҳиза кунем, хислату рафтор ва аъмоли худро аз дидгоҳи хирад баҳо диҳем, неку бадро аз ҳам ҷудо кунем ва аз Худованди мутаол талаб намоем, ки дар кишвари азизамон Тоҷикистон решаи зулму истибдодро барканад, адлу ҳақиқатро барқарор намояд ва мардумро ба саодату осоиш бирасонад.
Имсол дар Тоҷикистон оғози моҳи Рамазон ба 2 юми Апрел рост меояд. Бо истифода аз ин фурсати муносиб мо тамоми мусалмонони кишварамонро бо фарорасии ин моҳи муборак табрику шодбош намуда, барояшон тансиҳативу саодати рӯзгор ва худшиносиву адолатхоҳиро орзу менамоем.


Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза