2.1 C
Dushanbe
21.12.2024

Табрикоти ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ба муносибати иди саиди фитр

Инак, моҳи мубораки Рамазон ҳам ба поён расид ва бо рӯзадорон Худоҳофизӣ карду рафт. Моҳе, ки саҳоба шаш моҳ пеш интизорияшро мекашиданд ва то шаш моҳи дигар дар фироқаш менишастанд.
Рамазон худ як армуғоние аз Худои меҳрабон ба бандагонаш аст ва подошу некиҳое дар пай дорад. Бо вуҷуди саропо пур аз файзу эҳсон ва баракот будани Рамазон, Аллоҳ бар замми ин шаберо дар ин моҳ қадр карда ва қадр номгузорӣ кардааст ва ба он бартарие бештар аз ҳазор моҳ зам кардааст. Илова бар ин, рӯзаро хосси Худ гардонида ва подоши рӯзадорро ҳам бар дӯши Худ гузоштааст.
Барои рӯзадорон Биҳиштро зиннат дода ва дарвозаи хоссе бо номи Райён дар хидмати аҳли рӯза қарор додааст, ки касеро маҷоли духул аз он нест, магар рӯзадорон. Дари Дӯзах қуфл зада ба поси рӯзадорон. Ин аст, ки видоъ бо Рамазон барои аҳли рӯза ва эмон сахту сангин аст. Чӣ касе мехоҳад ва омодааст, азизеро бо ин ҳама бузургворӣ ва фазл видоъ гӯяд?! Бо вуҷуди ин, Худои меҳрабон бо поён ёфтани ин моҳи муборак барои мусалмонон иде ҳадя кардааст, ки он ҳам, боиси шодмонӣ ва хӯшҳолии мусалмонон аст. Имрӯз бошад, мо дар рӯ ба рӯи ин иди саид қарор дорем.
Аз ин лиҳоз, Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва мусалмонони ҷаҳонро ба муносибати иди Саиди Фитр табрик ва муборакбод гуфта, аз Аллоҳи мутаол баҳри Шумо, пеш аз хама, эмони комил ва дили софу холӣ аз гуноҳҳо, тани сиҳат ва хушбахтиҳо таманно дорад!
Худованд рӯзаву намозҳои моҳи мобораки рамазонии шуморо ба даргоҳаш қабул фармояд! Худованд то Рамазони дигар ҳамаи шуморо умри дарози пурбаракат ва зиндагии солим насиб гардонад.
Иди Рамазон имрӯз бар мову шумо табрик, Ин сабру шикебоӣ, в-ин аҳду вафо табрик. З-Аллоҳ мадад ҷӯем, дар роҳи муроди хеш, Бӯе ба машом омад, аз боди сабо, табрик.
Идатон муборак, ҳамватанон ва мусалмонони гиромӣ!

Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза