-0.9 C
Dushanbe
22.12.2024

Табрикоти Роҳбари Гуруҳи 24 – Суҳроб Зафар

Ба номи Худованди Бахшандаву ниҳоят Меҳрубон. Худованди зул Ҷалол дар ояи 183-юми сураи Бақара мефармояд: «Эй он касоне, ки имон овардаед, рӯза доштан бар шумо муқаррар шуд, ҳамчунон, ки ба касоне, ки пеш аз шумо будаанд муқаррар шуда буд то парҳезгор шавед». Рамазон дар луғати араб аз “рамазо” ба маънои шиддати ҳарорат гирифта шуда ва ба маънои сузонидан мебошад, дар ҳадисҳои Пайёмбар (с.а) омадааст, ки гуфта шудааст: “Моҳи Рамазон ба ин ном хонда шуда аст, зеро гуноҳонро месузонад”. Худованди Мутаъол аз бандагони худ дар ин моҳ дар ниҳояти каромат ва меҳрубони пазирои мекунад.

Ва инчунин омадааст “Ҳар касе, ки ин моҳро комилан рӯза бидорад, бар Худо воҷиб аст, ки ҳамаи гуноҳонашро биомурзад, бақияи умрашро тазмин кунад ва ӯро аз ташнагии дардноки рӯзи қиёмат амон диҳад”. Аз ин сабаб моҳи мубораки Рамазон дар миёни мусалмонон аз эҳтиром, аҳамият ва ҷойгоҳи хосае бархурдор аст. Мусалмонон бо фарорасии ин моҳи муборак бо хайру саховат, ифтор ба ниёзмандон, шабзиндадорӣ, тиловати Қуръон карим, дуо, истиғфор ва тавба, додани садақа ва рӯзадорӣ маънавиёти худро аз сарчашмаи файзи илоҳӣ сероб мегардонанд. Фазилати дигаре аз фазилатҳои Рамазон ин аст, ки рӯҳ, қалб ва ҷисми инсонро оромиш дода боиси сукунати рӯҳ ва саломатии ҷисм мегардад. Чуноне, ки дар ҳадиси шариф омадааст “Рӯза бигиред то солим бимонед”. Аз рӯи сунати илоҳӣ ва гардиши моҳи қамарӣ Рамазон бо гузашти фаслҳо ва солҳо тағйир хурда дар муддати сию шаш сол як бор даврони сол менамояд. Аз ин лиҳоз моҳи мубораки Рамазон имсол дар дарозтарин ва гармтарин рӯзҳои сол мутобиқ меояд, ки душвориаш аввалан болои муҳоҷирони меҳнатӣ, маҳбусон, аскарон, оилаҳои камбизоат ва баъд ба оммаи мардуми кишвар имтиҳони бузурге мебошад. Тоифаҳои зикршуда аз ҷумла: маҳбусон, аскарон ва муҳоҷирони меҳнати барои ифтор дар ин моҳ аз хуроки гарму муносиб маҳруманд, зеро сабабҳои зиёде аст, ки монеъи он мегардад.

Бо вуҷуди ҳамаи ин душвориҳо мардуми мусалмони Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар ҳамаи душвориҳоро таҳаммул намуда машғули ибодат мегарданд, ки худ нишонаи бовафоӣ бо паймон ба Холиқи худ мебошад. Бо вуҷуди ҳама душвориҳо моҳи мубораки Рамазон аз худ баракот ва ширинҳое дорад, аз ҷумлаи зиёдшавии баракат дар ибодот, касбу кор ва ҳаёти мардум, мағфирати илоҳӣ озодӣ аз оташи ҷаҳаннам, дучандшавии подошти некиҳо, зиёдшавии ибодот ва дигар корҳои нек, ки он хоси ҳамин моҳи муборак мебошанд. Моҳи мубораки Рамазон монанди як муҳарике мебошад, ки ҳаёти инсонҳои солимулақлро аз ин сол ба соли дигар мечархонад. Яъне дар муддати ин моҳ инсонҳо бо тарбияи имонию ҷисмонӣ бояд худро аз бадиҳои зоҳирию ботинӣ то соли дигар ҳифз намоянд. Имрӯзҳо барои мардуми кишварамон сахтарин рӯзҳои таърих мебошад, зеро муддати зиёда аз бисту чаҳор сол аст, ки миллати ранҷкашидаи мо дар фазои дурӣ аз падару модар, фарзанд, ақрабо ва зери шиканҷаҳои гуногун аз ҷумла беҳуқуқӣ, зулму фишор, макру фиреб ва ҳатто қатлу куштор ҳаёт ба сар мебарад, ки ба ғайр аз Холиқи Ҷаббор нидои онҳоро касе намешунавад. Бинобарин моҳи мубораки Рамазонро мо бояд ин як фурсати бениҳоят муносиб ғанимат дониста, бо дуою ибодатҳои бештар ва розу ниёз бо Холиқи хеш дошта бошем.

Фарорасии моҳи хайру баракат, мағфират ва озодӣ аз оташи дузах, баҳори Қуръон, равшании дилҳо ва меҳмонии Худованди зул Ҷалолро, бар ҳамагон, аз ҷумла беморон, маҳбусон, муҳоҷирони меҳнатию сиёсӣ, муборизон ва куллияи мусалмонон муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованд қабули ҷумла ибодатҳо, шифои беморон, озодии маҳбусон, осудаи мазлумон ва сарбаландии миллати муҳаммадиро талаб менамоям.

Роҳбари Гуруҳи 24 – Суҳроб Зафар

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза