33.1 C
Dushanbe
05.06.2025

Табрикоти расмӣ ба муносибати Иди Қурбон

 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” тамоми мардуми мусулмони Тоҷикистон ва кулли мусулмонони ҷаҳонро ба ифтихори фаро расидани Иди Қурбон аз самими дил табрик менамояд!

Иди Қурбон барои ҳар як мусулмон рӯзи бузурги фидокорӣ, таваккул ва муҳаббати холисона ба Худованд аст. Ин рӯз моро ба ёди қурбонии ҳазрати Иброҳим (а) ва садоқати ҳазрати Исмоил (а) мебарад — ибратест аз итоати комил, сабр ва фидокорӣ дар роҳи ҳақ.

Бигзор дар ин рӯзи муборак Парвардигор ба ҳамаи мо сабри Иброҳим, таваккули Исмоил ва раҳмати беинтиҳои Илоҳиро ато намояд. Бигзор дили мо аз кина ва душманӣ пок гардида, бо муҳаббат, раҳм ва ихлос ба ҳамдигар наздик шавад.

Дар ин рӯз саъй намоем, ки нафси худро қурбонӣ кунем, муҳтоҷонро фаромӯш насозем ва қалбҳои ҳамдигарро бо меҳру шафқат гарм гардонем. Зеро танҳо тавассути иттиҳод, дӯстию ҳамдилӣ метавонем миллати худро ба сӯи адолат, озодӣ ва ояндаи дурахшон раҳнамоӣ намоем.

Иди Қурбон муборак бод!

Бо эҳтиром,
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза