Бо фарорасии моҳи мубораки Рамазон, моҳи нузули Қуръон, моҳи раҳмату мағфират ва моҳи сабру таҳаммул, моҳи ғундории аҷру подош тамоми мардуми мусулмони Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро самимона табрик менамоем.
Моҳи шарифи Рамазон фурсати нодирест, ки барои поксозии қалбҳо, таҳкими имон, афзоиши эҳсоси масъулият ва тақвияти ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад. Ин моҳи муборак моро ба арзишҳои волои инсонӣ адолат, инсоф, ҳамдигаркумак, эҳтироми ҳуқуқ ва каромати инсон фаро мехонад.
Дар ин рӯзҳои пурфайз, ки мусулмонон бо рӯза, намоз ва амалҳои хайр машғуланд, мо орзу менамоем, ки фазои сулҳ, ваҳдат ва озодӣ бар кишвари азизамон ҳукмфармо гардад.
Рамазон мактаби худсозӣ ва худогоҳист. Он моро ба таҳаммул, масъулиятшиносӣ ва талош барои ислоҳи ҷомеа даъват мекунад.
Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24» бо эҳтиром ба арзишҳои исломӣ ва миллӣ, ба тамоми шаҳрвандон саломатӣ, сабру тавфиқ, ризқу рӯзии фаровон ва қабули тоату ибодатҳоро таманно дорад. Бигзор ин моҳи муборак барои ҳар як хонадони тоҷик моҳи баракат, оромиш ва умед ба фардои нек бошад.
Бо эҳтиром, Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24»

