6.1 C
Dushanbe
21.12.2024

Суханронии ҷамъбастии соли 2020-и раҳбари “Гурӯҳи 24” Суҳроб Зафар

Раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Суҳроб Зафар 30- декабри соли 2020 зимни як суханронии хеш тибқи маъмул фаъолияти як соли ахири ин созмони сиёсиро натиҷагирӣ кард.

Суҳроб Зафар нахуст аз суханрониҳои дар давоми соли 2020 ироанамудаи худ ёдовар шуда, бори дигар ҳадаф ва муҳтавои муҳимтарини онҳоро ба тамошобинон тавзеҳ дод ва таъкид намуд, ки нахустин суҳбат дар соли равон ба мавзӯъи интихоботи соли 2020 дар Тоҷикистон бахшида шуда буд. Ӯ гуфт, ки Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” аз мардуми шарифи кишвар даъват намуд, ки дар баробари бетараф набудан ва фаъъола иштирок кардан дар чунин маъракаҳои муҳими сиёсӣ ба тарафдории Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон овоз диҳанд.

Суҳбати дигари муҳим дар ин сол ба гуфтаи раҳбари “Гурӯҳи 24” дар атрофи бемории ҳамагири КОВИД-19 сурат гирифт. Суҳроб Зафар иброз намуд, ки новобаста аз он, ки Ҳаракти сиёсии “Гурӯҳи 24” борҳо таваҷҷуҳи мақомот ва мардумро ба ҷиддияти ин масъала ҷалб намуда, бонги хатар зад, вале Ҳукумати Тоҷикистон воқеъиятро аз мардуми кишвар пинҳон намуда, маъракаву барномаҳои худро давом дод. Дар натиҷа вазъият дар кишвар хеле бад шуд ва дар чунин шароит Ҳукумат мебоист вазъияти фавқулодда эълон намуда, шуюъи бемортро пешгирӣ кунад, вале на танҳо дар кишвар ҳолати изтирорӣ эълон накард, балки дар ин миён Раҳмонов ба ҷойи иқрор аз иштибоҳ ва узрхоҳӣ аз мардум чанд муддат ғайб зад. Масъалаи дурӯғгӯйӣ ва эътироф накардани мавҷудияти беморӣ ва пинҳонкорӣ дар омори шумораи беморон ва фавтидагон баъдан мавзӯъи баҳси як суҳбати махсус ва суҳбати вижаи дигар таҳти унвони “Дурӯғ ва хиёнат” қарор гирифтанд.

Суҳбати дигар бо номи “Хиёнат”, ки Суҳроб Зафар пиромуни он ибрози андеша намуд, ба мавқеъи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар робита ба пахши филми “Хиёнат”, ки ба ҳодисаҳои солҳои 90-и қарни гузашта бахшида шуда буд, ихтисос дода шуд. Мавқеъи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар ин бора чунин аст, ки дар сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ба хилофи он, ки тарафҳо ҳамдигарро гунаҳкор медонанд, ҳарду тараф назди мардум ва таърих бори масъулият ва гуноҳро ба дӯш доранд. Сипас раҳбари “Гурӯҳи 24” аз суҳбатҳои муҳими дигараш дар соли 2020, аз ҷумла аз ёдбуди фоҷеъаи 8 сол пеши Хорӯғ, суҳбат доир ба масъалаи Инқилоб, боздошти узви гурӯҳ Насимҷон Шарифов дар Туркия ва рабуда ба Тоҷикистон фиристода шудани узви фаъъол Шобуддин Бадалов аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ёдовар гардида, бори дигар мавқеъи ин ҳаракати сиёсиро дар бораи ин мавзӯъҳои муҳим ироа дошт. Ӯ махсусан ба қазияи Шобуддин Бадалов муфассалтар таваққуф намуда, ин ҳодисаро барои ҳаракат талафоти бузург арзёбӣ кард ва илова намуд, ки масъалаи Шобуддин Бадалов Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”-ро водор намуд, ки сиёсати худро нисбат ба фаъолияти минбаъда дар қаламрави Русия тағйир диҳад.

Суханрониҳои дигаре, ки Суҳроби Зафар аз онҳо ёдовар шуд, суҳбатҳо дар бораи раҳбарони Тоҷикистон аз замони таъсис то ба имрӯз, масъалаи озодии сухан ва ҳодисаи сар бурида шудани омӯзгор дар Фаронса ва таҳлили марҳилаҳои ҳокимияти Раҳмонов буданд. Ӯ махсусан таваҷҷуҳи бинандагонро ба масъалаи ахирӣ ҷалб намуда, аз ҷумла гуфт, ки Раҳмонов аз рӯзи ба сари қудрат омаданаш барои таҳкими ҳокимияти худкомаи худ марҳила ба марҳила рақибони сиёсии худро ё қатл, ё зиндон ва ё водор ба тарки кишвар намудааст. Вале марҳилаи охир, яъне ҳафт соли раисҷумҳурии навбатии ӯ аз сабаби бедор шудани мардум ва қувват гирифтани ҳаракатҳои сиёсӣ барояш сангин хоҳад буд.

Раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Суҳроб Зафар дар охир натиҷаҳои соли 2020- ро новобаста аз мушкилоти ношӣ аз ҳамагири КОВИД-19 барои Ҳаракати сиёсии “Гуръҳи 24” мусбӣ арзёбӣ намуда, аз мардуми кишвар ва онҳое, ки суханрониҳои ӯро пайгирӣ намуда, бо ӯ ҳамкорӣ карданд ва ба худ суде бардоштанд, изҳори сипос намуд ва ба зангҳои телефонӣ ва саволҳои тамошобинон посух дод.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза