2.1 C
Dushanbe
21.12.2024

Суханронии Суҳроб Зафар дар бораи вазъи артиши миллӣ

23 феврали соли 2021 роҳбари Ҳаракати сиёсии” Гурӯҳи 24′ Суҳроб Зафар ба муносибати “Рӯзи артиши миллӣ” суханронӣ кард. Ин суҳбат аз суҳбатҳои пешина бо он фарқ мекард, ки он асосан бо тариқи саволу ҷавоби мустақим бо бинандагони барнома дар атрофи масоилу мушкилоти мавҷуда, сабабҳо ва роҳҳои бартараф намудани ин мушкилот ва таъсиси як артиши тавоно ва замонавӣ сурат гирифт.

Суҳроб Зафар нахуст гуфт, ки хидмат дар артиш барои ҳар як мард пеш аз ҳама як мактаби мардонагӣ ва ҷасорат аст. Артиш бошад, дар навбати худ як ниҳодест, ки муваззаф аст истиқлол ва якпорчагии марзу буми кишвар ва ҳаёти осудаи мардумро ҳифз намояд. Пас суоле ба миён меояд, ки оё хидмат дар артиш барои ҳар як ҷавонмард ҳатмист ё на? Суҳроб Зафар барои дарёфт намудани посух ба ин суол аввал бо бинандагон ба таври мустақим сӯҳбат намуд ва пас аз радду бадали фикру андешаҳои гуногун ба хулосае омад, ки хидмат дар артиш барои ҳар як ҷавонмард ҳатмист, зеро он мактаби муҳимест, ки мардро обутоб дода, барои ҳифзи Ватан омода менамояд. Ва новобаста аз он, ки имрӯз артиш дар хидмати режими истибдодии Раҳмонов қарор дорад, ҷавонон бояд ба хидмати аскарӣ раванд.

Пас чаро бисёре аз ҷавонон аз хидмат сар метобанд ва аз аскарӣ фирор мекунанд? Бар асоси шунидани фикру андешаҳои бинандагон роҳбари Ҳаракати сиёсии” Гурӯҳи 24″ ба чунин натиҷа расид, ки ин падидаи номатлуб якчанд сабаб дорад. Аввал ин ки имрӯз дар аскарӣ як қонуни нонавишта бо номи меҳтарсолорӣ ( дедовщина) ҳукмрон аст, ки мутобиқи он аскарони даъвати нав бояд ба куҳнахидматон итоат кунанд. Дар натиҷа аскарон мавриди шиканҷа ва зӯроварии рӯҳониву ҷисмонии қарор мегиранд, ки он баъзан сабаби маъюбӣ ва марги аскарон мегардад. Баъдан шароити будубош, сару либос ва маишати сарбозон на дар ҳама қисмҳои ҳарбӣ хуб аст. Хулоса, сарбозон дар хидмати аскарӣ дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намешаванд ва он ҳадафи асосиро, ки омода шудан ба ҳимояи Ватан аст, ба даст намеоранд.Ҳоло Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мехоҳад ба ҷойи хидмати аскарӣ супоридани як миқдор маблағи муайянро ҷойгузин кунанд, ки ин на ба манфиати аскар, на ба манфиати ҷомеа ва ба нафъи давлат аст.


Масъалаи дигаре, ки Сӯҳроб Зафар бо бинандагон мавриди баррасӣ ва таҳқиқ қарор дод, он буд, ки оё имрӯз Артиши Тоҷикистон тавоноии ҳифзи марзу бум ва хоки сарзаминро дорад? Дар атрофи ин масъала мубоҳисон пас аз таҳлил ва мубодилаи афкор ба чунин хулоса омадаанд, ки имрӯз Артиши Тоҷикистон ҳам аз ҷиҳати муҷаҳҳаз будан бо техникаи ҷангӣ, ҳам аз ҷиҳати омодагии касбӣ ва тавоноӣ дар ҳолати бад қарор дорад. Сабаби он ба андешаи мусоҳибон ба ҳаҷми маблағи ба ин соҳа ҷудо намудаи буҷаи кишвар вобаста нест, зеро артиши Ӯзбакистон сарфи назар аз он, ки ҳаҷми хароҷоташ аз артиши Қазоқистон се маротиба кам аст, вале аз лиҳози иқтидор ва таҷҳизот аз артиши Қазоқистон чанд маротиб нирумандтар аст. Пас мушкил дар он аст, ки сатҳи таълиму тарбия ва омӯзиши маҳорати ҷангӣ дар артиши Тоҷикистон дар сатҳи паст аст. Кам будани ҳаҷми маоши афсарон ба он сабаб мешавад, ки маблағи ба ин соҳа ҷудошуда ҳадафмандона сарф нашуда, дуздида ва тороҷ мешавад. Аскарон ба ҷои омӯзиши техникаи ҷангӣ ва касби маҳорат вақти худро беҳуда ва баъзан барои иҷрои корҳои инфиродии афсарон сарф мекунанд. Ин аст, ки Тоҷикистон аз лиҳози иқтидори низомӣ дар қатори кишварҳои заъиф ҷойгир аст ва ин вазъият сол то сол бадтар мешавад. Натиҷаи ҳамин заифии артиши миллӣ буд, ки Тоҷикистон як порча замини худро ба Чин ва як порча замини дигарашро ба Қирғизистон дод. Вақте мо дар ин бора сару садо баланд кардем, ҳукуматдорон баҳона пеш оварданд, ки агар мо замини худро ба Чин намедодем, Чин имкон дошт, ки ба сарзамини мо ҳуҷум карда, пораҳои бештари онро аз худ кунад. Агар ин тавр мулоҳиза кунем, пас чаро Қирғизистон замини худро ба Чин надод ва боз даъвои аз худ намудани порчаҳои замини моро дорад?

Дар поёни сухан Суҳроб Зафар суҳбати имрӯзаро натиҷагирӣ карда, ба чунин хулоса омад, ки тибқи назарсанҷӣ артиши миллии Тоҷикистон имрӯз дар вазъияти хеле бад қарор дорад ва сол то сол ҳолати он бад мешавад. Артиши кишвар то соли 2000- ум аз ҳисоби қумондонҳои дар ҷанги шаҳрвандӣ обутобёфта маҳорати хуби ҷангӣ дошт. Вале дар зарфи бист соли охир, пас аз куштаву зиндонӣ шудан ва аз кишвар ронда шудани бисёре аз ин қумондонҳо артиши миллӣ маҳорати ҷангии худро аз даст дод ва ба ҷуз аз саркӯб кардани мардуми худаш ва дар минтақаҳо ба хотири ҳимояи режими истибдодии Раҳмонов ба дарде намехӯрад ва қодир нест порчаҳои замини кишварро аз таҷовузи беруна ҳифз намояд. Вале бо вуҷуди ин, мо бояд дар артиш хизмат карда, барои ҳифзи марзу буми Ватан омода шавем ва артиш бояд дар хидмати мардум бошад, низ ин, ки бо дастури диктатор Раҳмонов мардуми худашро саркӯб намояд. Аз ин сабаб мо имрӯз ба артиши пурқувват ва тавоно ниёз дорем. Шарт нест, ки мо барои артиш техникаҳои зиёди ҷангӣ харидорӣ кунем, зеро 93 дар сади ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Вобаста ба ин, мо бештар ба нирӯҳои заминӣ ва пиёдагард, ки тавонанд дар шароити кӯҳсор фаъолият намоянд, ниёз дорем.

Баъдан, имрӯз артиши Тоҷикистонро роҳбарони бесалоҳият ва ноӯҳдабаро идора мекунанд. Бояд вазири мудофиаи Тоҷикистон ва дигар роҳбарони олирутбаи он аз зинаҳои поёнӣ тадриҷан ба зинаҳои боло расида бошанд ва касби худро хуб донанд. На мисли генералҳои имрӯзаи Тоҷикистон дар мисоли писари Раҳмонов Рустами Эмомалӣ, ки дар синни 25 – солагӣ бе ягон хидмат ин рутбаро дарёфт кард. Сеюм, мавқеи геополитикии мо водор месозад, ки дар кишвар бояд ҳама ҷавонон бечунучаро ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шаванд ва ба артиши касбӣ ва супоридани маблағи муайян ҷойгузини хизмати аскарӣ зарурат надорем. Ва ниҳоят, мо бояд барои таҷлили Рӯзи артиши миллӣ санаи дигареро интихобот кунем, зеро ин сана моли замони шӯравӣ буда, ба таъриху фарҳанги мо ҳеҷ рабте надорад. Хулоса, барои он, ки Тоҷикистон дар оянда тавонад истиқлол ва якпорчагии ҳудуди худро ҳифз намояд, мо ба як артиши тавоно ниёз дорем.


Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза