4.1 C
Dushanbe
03.12.2024

Суханронии Роҳбари “Гурӯҳи 24” Сӯҳроб Зафар перомуни ҳаводиси ахири Бадахшон

Дар торихи 26-уми октябри соли ҷорӣ Сӯҳроб Зафар – роҳбари “Гурӯҳи 24” дар пахши мустақим бо мардум, ки аз тариқи YouTube, Facebook ва Zello сурат гирифт ва дар он бештар аз ҳазор нафар ширкат дошт, перомуни ҳаводиси ахири Бадахшон суханронӣ намуд. Роҳбари “Гурӯҳи 24” дар суханронии худ баён кард, ки чигуна як диктатор ҳангоми ба пуррагӣ ба даст гирифтани ҳамаи шохаҳои қудрат мардумро ошкоро бо дасти мақомот ва худи мардум мекушад, ҳамон тавре ки Раҳмонов имрӯз дар манотиқи гуногуни кишвар анҷом медиҳад. Ӯ таъкид кард, ки Раҳмонов ва мақомоти кишвар аз мусодираи 500 килограм ҳероин дар Хорӯғ хабар медиҳанд, вале худи эшон тонҳо аз ҳероинро дар даруни пойтахт ва берун аз он мечархонанд ва касе аз ин лаб намекушояд. Илова бар ин, ҷои хидмат ба мардум, Раҳмонов ба мардум миннат мениҳад ва мардумро таън мезанаду зери таҳдидоти шадид қарор медиҳад! Сӯҳроб Зафар аз онҳое, ки ба ҷиноят муттаҳам мешаванд хост, то ки ба ин иттиҳомот посух гӯянд ва ҳақиқатро ба мардум расонанд ва нагзоранд, ки бегуноҳ ва бидуни ҳукми додгоҳ ҷинояткор муаррифияшон кунанд. Ӯ дар охири сӯҳбат ба пурсишҳои мардум атрофи ин мавзӯъ посух гуфт.

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза