0.1 C
Dushanbe
26.12.2024

Сафари Лавров ба Тоҷикистон дар пасманзари рейдҳо алайҳи муҳоҷирон

Сафари Лавров ба Тоҷикистон дар пасманзари рейдҳо алайҳи муҳоҷирон.

Рӯзҳои 5-6 июн Вазири корҳои хориҷаи Русия бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф бурд. Ин сафар дар ҳоле сурат гирифт,  ки дар Русия рейдҳо ва боздошти ваҳшиёнаи муҳоҷирони тоҷик идома дошт. Он замон дар Санкт-Петербург боздоштгоҳҳои СИЗО аз муҳоҷирони тоҷик пур буданд.

Зиёда аз ду ҳафта аст, ки  ниҳодҳои интизомии Русия алайҳи муҳоҷирон аз Тоҷикистон бедодгарӣ  мекунанд. Рейдхо на танхо дар Маскав ва вилояти Маскав, балки дар дигар минтақаҳои мамлакат низ гузаронда мешаванд,    дар бораи ҳодисаҳои   вилояти Самара, Санкт-Петербург ва кишвари Хабаровск ҳама огоҳӣ доранд.
Таҳти таваҷҷуҳи ҷиддии пулис на танҳо муҳоҷирони корӣ, балки донишҷӯёни Тоҷикистон низ қарор доранд. Барои мисол, дар Комсомолски Амур афсарони ОМОН ба хобгоҳи Донишгоҳи давлатӣ даромада, беш аз 100 донишҷӯи тоҷикро лату кӯб карданд. Санҷиши ҳуҷҷатҳо бо таҳқири шаъну эътибори инсонӣ, зӯроварӣ ва боздошти шадид ҳамроҳ шуд.

Мақомоти расмии Федератсияи Русия ин вазъро шарҳ намедиҳанд ва  мақомоти расмии Тоҷикистон бошанд, ба  ҳамлаҳои  нерӯҳои интизомии Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон ба навъе хеле нарм вокуниш нишон медиҳанд ва  Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон танҳо изҳори нигаронӣ кардааст.
Маълум аст, ки амали боздошт ва латукӯби муҳоҷирони тоҷик қасдан сурат мегирад. Мардуми оддӣ қурбони як бозии сиёсӣ шудаанд, онҳо ҳамчун як абзори фишор ба ҳукумати Раҳмонов ва ё ҳамчун воситаи интиқом истифода мешаванд.

Ба эътиқоди коршиносон, Кремл ба ин васила талош дорад Раҳмоновро барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мутақоид кунад. Ҳамчунин тахмин меравад,  ки ин вазъ интиқом аз ҳамкориҳои Душанбе бо Иттиҳодияи Аврупо ва сарпечӣ аз пуштибонии ошкори ҷанги Русия дар Украина аст.
Аммо новобаста аз сабаби рейдҳои даҳшатбор дар Русия гунаҳкори ин вазъ танҳо  Раҳмонов аст. Мо ҳаргиз   айбро аз мақомоти Русия ва афсарони интизомии ҳайвонсифати  Русия соқит намекунем, аммо ин  Раҳмонов  буд, ки мардумро ба фақру бенавоӣ овард, маҳз бо айби ӯ ҳамватанони мо маҷбуранд ба Русия раванд, то аз гуруснагӣ намуранд ва хонаводаашонро сер кунанд. Раҳмонов вазъиятеро ба вуҷуд овардааст, ки барои ӯро шантаж кардан ҳуқуқи шаҳрвандони моро дар кишвари бегона поймол мекунанд.

Раҳмонов сиёсатмадорон ва мансабдорони бесалоҳиятро ба вазифаҳои давлатӣ таъин мекунад ё ба таъини онҳо  иҷозат медиҳад.  Сафири Тоҷикистон дар Русия маҳз аз ҳамин гуна  мансабдорони бесалоҳият аст, ки аслан  ки номуси ватандорӣ надорад.

Тавре ҳомии ҳуқуқ Каримҷон Ёров мегӯяд,  сафир он қадар ғайрифаол аст, ки сафорат, метавон гуфт, танҳо дар рӯи коғаз вуҷуд дорад ва тоҷикон дар муқоиса бо муҳоҷирони дигар аз ҷониби мақомоти кишвари худ камтар ҳимоят мешаванд ва  боздоштҳои дастаҷамъии ҳамватанони мо гувоҳи ин гуфтаҳо мебошанд.

Аммо бармегардем ба сафари Лавров ба Душанбе. Маълум шуд,  ки мавзӯи аслии баҳс масъалаи Афғонистон, амнияти минтақа ва навсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон будааст. Ба масъалаҳои иктисодиёт ва савдо андаке дахл карда шуд, сафари ду чонишини сарвазир Хуснуллин ва Оверчук эълон карда шуд.
Аммо масъалаи муносибати ғайриинсонии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия нисбат ба муҳоҷирони тоҷик ва боздоштҳои дастаҷамъии онҳо чӣ?

Бо вуҷуди ин, масъалаи мазкур матраҳ шуд, аммо мо ҳеҷ гоҳ аз ҷониби роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия узрхоҳӣ, пушаймонӣ ва ваъдаи баррасии вазъро нашунидем. Лавров танҳо гуфт, ки Ҳукумати Русия ҳодисаҳои рухдодаро пайгирӣ мекунад ва ҳамеша ниёзҳои Душанберо дар масъалаи муҳоҷирати корӣ қонеъ мекунад ва аз афви муҳоҷират дар солҳои ахир аз ҷониби мақомоти Русия тасвибшуда ёдовар шуд. Вазири мо Муҳриддин ба ғазаб наомад, талаб накард, балки хеле нозук хоҳиш кард, ки санҷиш бо риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон сурат гирад.

Дар маҷмӯъ, мақомоти Русия бо истифода аз муҳоҷирони бедифоъ фишор болои Раҳмоновро идома хоҳанд дод. Ва мақомоти Тоҷикистон дар муқобили он ғайрифаол хоҳанд монд. Раҳмонов ва мақомоти Тоҷикистон ба  сарнавишти шаҳрвандони худ ҳам дар хориҷи кишвар ва ҳам дар дохили кишвар аслан парво надоранд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза