3.1 C
Dushanbe
22.12.2024

Рӯзи якуми нишасти ” Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ” дар масъалаи вазъи ҳуқуқи инсон

Имрӯз – 11-уми сентябр, рӯзи якуми нишасти ” Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо “дар масъалаи вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои узви созмон дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон дар мавзӯъи: “озодиҳои асосӣ, аз ҷумлаи: озодии баён, расонаҳои озод ва иттилоот” ба анҷом расид, ки дар он аз намояндаҳои “Гурӯҳи 24” Сайидалӣ Ашӯров, Файзуллоҳ Сафаров, Муҳаммадҷон Абдуллоев, Ҳусейн Ашӯров, Низомуддин Насруддинов Ва дигарон иштирок карданд. Намояндаи ҳаракати мо аз Русия – Файзуллоҳ Сафаров дар мавзӯъи “Озодиҳои асосӣ, аз қабили: озодии баён, расонаҳои озод ва иттилоот”, ки мувофиқи барномаи кории нишасти солонаи 2017 оид ба меъёрҳои ҳуқуқи инсон марбути имрӯз буд, суханронӣ намуда, гузориш дод.

Чӣ тавре ки дида шуд, ҷои нишасти намояндагони ҳукумати Тоҷикистон холӣ буд ва эшон дар ин ҷаласа ҳузур надоштанд. Ин далолат аз он мекунад, ки ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба маънои тамом поймол шуда, зиндониён ва ба хусус зиндониёни сиёсӣ зери шиканҷа қарор доранд ва хонаводаҳои эшон пайваста мавриди таҳқиру таҳдид ва истифода қарор мегиранд. Озодии баён то ҳадде маҳдуд шуда, расонаҳои мустақил имкони фаолияти озод ва расонидани иттилооти лозимаро надоранд. Вакилони мудофеъ ва рӯзноманигорон зери таҳдиду фишори мақомот қарор гирифта, қисме аз эшон ба хотири пуштибонӣ аз ҳуқуқи аъзои аҳзоби сиёсӣ зиндонӣ шуданд. Ин аст, ки намояндаҳои Тоҷикистон соли гузашта баъд аз се рӯзи иштирок дар ин нишаст тавон ва тоқати шунидани ин ҳама нобасомониро накарда, бо баҳонаи эътироз тарки ҷаласа карданд. Ҳанӯз аз ҳузури намояндаҳои ҳукумати Тоҷикистон дараке нест ва ба эҳтимоли зиёд имсол дар нишасти мазкур оиди вазъи ҳуқуқи башар ширкат нахоҳанд кард. Бояд ёдовар шавем, ки нишасти имсолаи “Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо” аз 11 то 22 сентябр идома хоҳад ёфт ва намояндагони мо фаъолона ҳузур хоҳанд дошт.

Бахши иттиолоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза