3.1 C
Dushanbe
21.12.2024

Рӯзи Президенти Тоҷикистон – ҷашни навбатии ташаккули парастиши шахсият аст

16 ноябри соли равон бори панҷум аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Интихоби санаи ин ҷашн то ба имрӯз саволҳои зиёдеро ба бор овардааст ва на ҳама мардуми оддии кишвар гуфта метавонад, ки чаро ин ҷашн маҳз 16 ноябр таҷлил мегардад. Онҳо танҳо медонанд, ки ин як ҷашни навбатӣ ба ифтихори Раҳмонов аст ва ин мантиқист, зеро мардум президенти дигареро намешиносанд. Ҳамин тавр, 16 ноябри соли 1992 дар Хуҷанд Иҷлосияи навбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шурӯъ кард, ки дар ҷараёни он Раҳмонов 19 ноябр раиси Шӯрои Олӣ ва баъдтар, соли 1994 ба мақоми раисҷумҳури Тоҷикистон интихоб гардид ва маросими савгандёдкунии ӯ 16 ноябри ҳамон сол баргузор шуд. Яъне санаи таҷлили Рӯзи Президент дар кишвари мо таърихан бо номи Раҳмонов алоқаманд аст. Ҳукумати кунунӣ кӯшиш мекунад, ки таърихро бознависӣ кунад ва дар хотираи мардум танҳо он чизеро, ки барои ӯ сӯдманд аст, ҷо намояд. Аммо дар асл, аввалин президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов аст, ки аз ҷониби намояндагони Шӯрои Олии Тоҷикистони Шӯравӣ баргузида шуд. Президенти дуввуми Тоҷикистон, ки аз ҷониби мардум интихоб гардид, Раҳмон Набиев буд. Аммо дар Рӯзи ҷашни Президент 16 ноябр дар бораи ду президенти аввал ҳарфе гуфта намешавад.

Тоҷикистон ягона кишваре нест, ки дар он Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад ва дарвоқеъ эҳтиром ва арҷгузорӣ ба президент ҳамчун як рукни қудрати олӣ дар давлати демократӣ ба хотири шинохти нақши ӯ дар ҷомеаи муосир ҳеҷ ҷои бадӣ надорад. Аммо лозим аст, ки марзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба президент ҳамчун як рамзи қудрат ва итоат ба шахси мушаххасе, ки ин мақомро ишғол мекунад, дарк ва нигоҳ дошта шавад. Рӯзи Президент дар Иёлоти Муттаҳида чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад? Дар ин рӯз дар Амрико чорабиниҳои фароғатии идона, бозиҳо оид ба донистани таърихи кишвари худ, консертҳо бо иштироки навозандагон ташкил гардида, аз рӯи анъана ба сифати хӯрок нони ҷуворимакка бо асалу равған омода карда мешавад.

Аммо дар Тоҷикистон бошад, дар Рӯзи Президент дар ҳама ҷо чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд, на танҳо шеърҳо балки дар васфи Раҳмонов мадҳияҳо ва сурудҳо хонда мешаванд, аз ҳама ҷо ба кас портретҳои азими ӯ менигаранд, бахшида ба фаъолияти сарвари кунунии давлат намоишгоҳҳои рассомон ва аккосон баргузор мешаванд. Мактаббачагонро ба мактаби миёна ва омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ, ки “Пешвои ояндаи миллат” дар он ҷо таҳсил кардааст, ба экскурсия мебаранд. Дар мактабҳо барои тасвири беҳтарин, иншои беҳтарин дар бораи президент, (албатта дар бораи Раҳмонов, зеро бачагон президенти дигареро намешиносанд) озмунҳо доир менамоянд. Аён аст, ки ин ҳамаро наметавон Ҷашни Президент дар як кишвари демократии озод номид, ин боз як “Рӯзи Раҳмонов” аст ва ҳар сол теъдоди чунин рӯзҳо меафзоянд.

Рӯзи Президент дар Тоҷикистон ба яке аз марҳилаҳои ташаккул ва эҷоди парастиши шахсият табдил ёфтааст. Имрӯз насли ҷавон дар рӯҳияи парастиши Раҳмонов ошкоро тарбия карда мешавад. Ва чунин ба назар мерасад, ки дар ин рӯз ҳама чиз хуб аст, ҳама қаноатманд ҳастанд, ҳама суруд мехонанд, рақс мекунанд, расм мекашанд. Мо аз чӣ шоду хурсанд ҳастем? Аз он, ки фарзандони мо дар фазои дурӯғ ба воя мерасанд? Фарзандони мо намефаҳманд, ки ин ҷашни мудҳиш онҳоро аз озодӣ ва ҳуқуқҳои оддии инсон, аз умед ба ояндаи шоиста маҳрум мекунад. Ҳанӯз насле ҳаст, ки оқибатҳои даҳшатбори чунин ҷашнҳоро дарк мекунад, аммо фарзандони мо инро дарк намекунанд ва Раҳмонов ва авлоди ӯ имрӯз қодир ба ҳама кор ҳастанд, то фарзандони мо ҳеҷ гоҳ нафаҳманд, ки одамони озод президенти худро парастиш намекунанд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза