10.1 C
Dushanbe
29.12.2024

Рӯзи истиқлол муборак бошад!

Расо 27 сол пеш – 9-уми сентябри соли 1991 дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии ҷумҳурӣ қонун дар бораи эълон гардидани истиқлолияти давлатии кишвар қабул шуд. Дар нимаи дуюми солҳои 80-уми асри 20 баъд аз саршавии равандҳои демукросикунонии ҷомеа дар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҷунбишу созмонҳои миллӣ – демукросӣ ба миён омаданд. Аз ҷумла ҳаракати халқии “Растохез” ташкил карда шуд. Аҳдофи ин ҳаракат ҷуз забони давлатӣ эътироф шудани забони тоҷикӣ, тасдиқи ҳақиқии истиқлолияти Тоҷикистон дар чорчӯбаи иттифоқи озод ва васеъ буд. Дар баҳманмоҳи соли 1990 (феврал) ба дунболи хабару овозаҳое, ки гӯё ҳукумат ба оворагони арманӣ дар шаҳри Душанбе хона ва сукунат додааст, мардум эътироз карданд ва дар натиҷаи даргирии онон ва нерӯҳои пулис иддае захмӣ ва кушта шуданд.
Мардум дар тазоҳуроти худ хостори ислоҳоти иқтисодӣ, сиёсӣ ва бозкушоии масоҷид ва эҳёи фарҳанги миллии худ буданд. Ба дунболи ин даргириҳо фаолияти ҳизби “Растохез”, ва “Ҳизби демократи Тоҷикистон” ва фаолияти “Ҳизби наҳзати исломӣ” ғайриқонунӣ эълом шуд.
10-11- уми феврали соли 1990 гурӯҳи ҷавонон барои аз кишвар берун кардани арманиҳо митинг барпо карданд. Гурӯҳҳои мудофиавӣ ташкил мешуданд ва касе дӯстро аз душман фарқ намекард. Дар пайи он роҳбарияти ҶШС Тоҷикистон ва котиби аввали КМ ҳизби комунистӣ Қаҳҳор Маҳкамов ба истеъфо рафтанд, аммо пасон маҷлиси умумии КМ онро қабул накард. Ба даст овардани истиқлолият кори содаву саҳле набуд. Чун онҳое ки имрӯз ҷор аз истиқлоли кишвар мезананд, бар алайҳи мустақиллияти Тоҷикистон раъй медоданду кор мекарданд. Ду намунаи эъломияи соҳибихтиёрӣ пешниҳод шуда буд. Якеро ҳукумат ва дигареро риёсати ҳаракати “Растохез ” омода намуда буданд. Соли 1990 бошад, онҳо дар Иҷлосияи Шӯрои Олии навбатӣ муҳокима карда шуданд.
Ғояи асосии намунаи эъломияи истиқлоли “Растохез” Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд мебошад буд, вале он аз тарафи аксари вукало пазируфта нашуд ва чун аксари вакилон зидди истиқлолият буданд, ҳама якдилона эъломия дар бораи истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро қабул карданд. Санаи 29-30 август дар Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии парлумон боз гардид. Баробари он дар пойтахт митингҳо барпо шуданд, ки муътаризон истеъфои роҳбарияти кишвар ва эълон намудани истиқлолиятро талаб мекарданд. Ба дунболи тазоҳуроти густарда Қаҳҳор Маҳкамов ба истеъфо рафт ва рӯзи 9 сентябри 1991 Тоҷикистон қарор дар бораи “истиқлолият”-ро бо таҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад қабул кард.
Қадруддин Аслонов раиси Шӯрои Олӣ ва кафили риёсати ҷумҳурӣ фаолияти ҳизби коммунистро мамнӯъ ва дороии онро миллӣ кард, аммо шӯрои олӣ, ки аксари намояндагони мактаби кӯҳна буданд Аслоновро барканор карданд ва ба ҷояш Раҳмон Набиевро оварданд. Ва душманони истиқлолият дубора бо либоси нав риёсати ҷумҳуриро ба даст гирифтанд ва онро бо ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ анҷомиданд. Инак душманони истиқлоли кишвар риёсати кашварро ба даст гирифта ва мехоҳанд торихро таҳриф кунанд. Ин аст, ки истиқлолияти кишвар барояшон аҳамияте надорад ва хоки ин сарзаминро ки барои истиқлолаш қаҳрамононе ҷон бохтанду заҳмат кашиданд, ба савдо гузоштаанд.
Истиқлолият яке аз гаронбаҳотарин неъматҳоест, ки мардуми кишвари мо онро ба даст овардаанд. Ҳар як шаҳрванди кишварро мебояд, ки бо қиммати ҷон аз ин ганҷинаи торихӣ ҳимоят ва дифоъ намуда, барои ҳуқуқу озодии хеш ва бехатарии истиқлооияти кишвар ва ҳимояи ҳуқуқи мардуми хеш ва баланд бардоштану дар он сатҳи воло нигоҳ доштани қадру қиммат ва шарафи миллати хеш саҳим бошад.
Дар охир, роҳбарият ва фаъолону аъзои “Гурӯҳи 24”, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни истиқлоли кишвар муборакбод гуфта, барояшон ҳарчӣ зудтар риҳоӣ ёфтан аз зери зулми ин душманони истиқлолро орзу дорем. Аз Аллоҳ хосторем, ки кишвар ва мардуми азизи мо ба як истиқлоли воқеӣ бирасанд ва барои ҳамеша дар амну оромӣ ва пешрафт ба сар баранд.
Иди истиқлолатон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Бахши иттилоотии ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза