Рӯзи якуми сентябр, ҳамасола дар Тоҷикистон, ҳамчун рӯзи дониш пазируфта шудааст, ки боғчаю дабиристонҳо ва донишкадаю донишгоҳҳо дарҳои худро ба рӯи донишомӯзон боз менамоянд. Мактаббачагон, донишомӯзон ва омӯзгорон пас аз фароғатии тобистона дубора ба таълим гирифтану таълим додан оғоз мебахшанд. Ба ифтихор ва ҷойгоҳи дониш дар зиндагии инсонҳо, ҳатто ин рӯз, яъне якуми сентябр, дар мо ҳамчун рӯзи дониш ҷашн гирифта мешавад. Агар дониш ва тафаккур дар зиндагии инсон ҷойгоҳ ва аҳаммияти хоссае намедошт, ҳамоно Парвардигори инсон Паёмбарашро ба хондан фармон намедод ва ба Одам (а) дониш намеомӯхт ва номҳоро ёдаш намедод. Агар чунин набуд, аввалин ояи Қуръони карим, ҳамчун як барнома барои зиндагии инсон дар ҳарду гетӣ, бо фармони “Бихон” оғоз намеёфт. Бале, дониш омӯхтан барои ҳар як фарзанди инсон фарз ва коре қатъиян анҷомшуданист. Маориф яке аз ҷанбаҳои асил ва пойдорнигаҳдорандаи ҳар як кишвар ва ҷомеа мебошад. Ҳар кишваре, ки маориф ва соҳаи илмаш мелангад, он кишвар бешак дар фақр ва дангдастӣ ба сар мебарад. Тамоми пешрафт ва дигаргунии ҳаёти башар, мустақиман ба илм бастагӣ дорад.
Ва мо ҳам имрӯз, дар рӯзи якуми сентябр қарор дорем ва бино бар ин, “Гурӯҳи 24” тамоми муҳассилин ва мударрисинро ба фаро расидани рӯзи дониш, табрик мегӯяд ва ба эшон дониши пурбор ва нофеъ хостор аст. Агар мехоҳем, ки кишваре пешрафта ва зиндагие шоиста дошта бошем, пас мебояд, воқеан ба фарогирии дониш дубора рӯй биёрем, чун бузургон ва гузаштагони мо танҳо аз ин роҳ тавонистанд бузург шаванд ва ба дунё чизе ба мерос гузоранд. Дониш, яъне чароғест, ки инсонро аз торикиҳо ба рӯшноӣ мерасонад. Рӯзи дониш муборакамон бод, ҳамватанони гиромӣ!
Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24