3.1 C
Dushanbe
27.12.2024

Рӯзи дониш ва сулҳ муборак!

   Дар Тоҷикистон 1 сентябр – оғози соли таҳсили нав ҳамасола ба унвони Рӯзи дониш ва сулҳ ҷашн гирифта мешавад.  Ин чорабинӣ дар назари аввал барои соҳаи таълиму тарбия – дар рӯҳияи ватандӯстиву муҳаббат нисбат ба илму маърифат ба воя расонидани насли нав иқдоми муассир ба назар мерасад. Вале агар мо ба умқи масъала таваҷҷуҳ намоем, Ҳукумати Раҳмонов, инчунин як чорабинии муҳимро ҳам ба манфиати худ истифода мебарад ва дар он асосан сухан аз боби дастовардҳои Ҳукумат дар соҳаи маориф, нақши Раҳмонов дар рушди ин соҳа меравад. Дар суханроние, ки одатан Раҳмонов дар яке аз муассисаҳои олии таълимӣ ироа мекунад, мисли пешин боз дар бораи дастовардҳои кишвар дар солҳои раҳбарии Раҳмонов, дар рӯҳияи садоқат ба сиёсати Президент тарбия намудани насли нав гуфта мешавад. Рӯзи дониш ва сулҳ ба як чорабинии сиёсии ҳукуматӣ табдил ёфтааст, ки дар он Вазорати маориф ва илм як бахши сиёсати давлатро таблиғ мекунад.

   Аслан, таҷлили Рӯзи дониш ва сулҳ иқдоми хубест, то насли ҷавон дар рӯҳияи худогоҳиву меҳанпарастӣ, илмдустӣ, сулҳхоҳӣ ва муҳаббату садоқат нисбат ба ватан тарбия шавад. Вале на ба он тарзе, ки ҳамасола дар Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ҳукумати Раҳмонов аз ин рӯз ҳам мисли дигар рӯзҳо, ки дар кишвар ҷашн гирифта мешаванд, барои пиёда кардани мақсадҳои худ, пойдории низоми диктатурӣ сӯйистифода мебарад ва ҳақиқати таърихро аз ҷавонон ва мардум пинҳон медорад.

   Имрӯз соҳаи маорифи мамлакат ба ислоҳоти куллӣ ниёз дорад. Дар кишвар як теъдод мактабҳо дар вазъияти бад қарор доранд ва таъмирталаб мебошанд. Теъдоди омӯзгорон намерасанд, бисёре аз омӯзгорон тарки касби худ карда, ба Руссия сафар мекунанд. Вале ба ин нигоҳ накарда, ҳазорон нафар омӯзгорон бо музди кам ва ночиз ба кори таълиму тарбия машғул ҳастанд. Онҳо воқеан ҳам мутахассисони варзида, ватандӯст ва ба касби худ содиқ ҳастанд, ки ба шароити бади таълим ва маоши ночиз нигоҳ накарда, вазифаи муқаддаси худро иҷро мекунанд.

   Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи – 24” тамоми толибилмон, донишҷӯён, устодон ва омӯзгорони кишварро бо Рӯзи дониш ва оғози соли таҳсили нав табрику муборакбод намуда, барояшон тансиҳативу саодатмандӣ, дастоварду муваффақият орзу мекунад.

   Рӯзе фаро хоҳад расид, ки ҷавонони кишвар Рӯзи дониш ва сулҳро дар шароити нав, бо рӯҳияи озод, ки такя ба ормонҳои воқеии миллӣ дошта бошад, Худо хохад ҷашн хоҳанд гирифт.

Рӯзи дониш ва сулҳ муборак хамватанони азиз!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза