-0.9 C
Dushanbe
22.12.2024

РӮЗИ ДОНИШ БА ҲАМА МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК!

Мусаллам аст, ки дар Тоҷикистон рӯзи якуми сентябр – ҳамчун рӯзи дониш ҷашн гирифта мешавад ва барои бисёриҳо он оғози як соли нави таълимӣ ва рӯй овардан ба умеди ояндаи беҳтар аст. Ҳамчунин дар ин рӯз аввалин шуда кӯдакони хурдсол қадами аввали худро ба даргоҳи илму маърифат ва таълиму тарбия мегузоранд. Вале, мутаассифона, ин рӯз таҳти режими Раҳмонов барои мардуми шарифи Тоҷикистон бо мушкилоти зиёд ҳамроҳ шудааст. Чигунае, ба ҳамаи мову шумо маълум аст, вақте кӯдар ба мактаб равад ҳатман бояд сару либоси бо режими Раҳмонов мувофиқ маҷбурӣ ва баъзеҳо аз ночорӣ қарз гирифта сару либос харида, ба дарс мераванд. Ҳоло онки дар кишварҳои пешрафтаи аврупоӣ ин либос дар системаи таълиму пешрафт чизи муҳиме нест!

Таълими сифатнок ва шароитҳои одилонаи таҳсил бояд ҳуқуқи асосии ҳар як шаҳрванд бошад, аммо имрӯзҳо дар Тоҷикистон ин ҳақиқат ба таври қонунӣ ва амалӣ поймол мешавад. Ҳукумат сиёсати таълимиро ба василаи назорат ва идеология табдил дода, фарогирии ҷавононро ба ин системаи фарсуда ва аҳдофи сиёсӣ маҷбур мекунад. Беадолатиҳо дар системаи таълимӣ, фасод ва набудани имконоти баробар барои ҳамаи шаҳрвандон на танҳо ба ҷавонон, балки ба ояндаи мардумамон таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Дар ин рӯзи дониш, “Гурӯҳи-24”, ки ба мубориза барои озодии ҳақиқӣ ва барқарории адолат дар Тоҷикистон равона шудааст, тамоми хонандагону донишҷӯёнро табрик намуда, аз ҳар як падар ва модар, ҳар як донишҷӯ ва омӯзгор даъват мекунад, ки дар рӯбарӯйи ин золими нобакор хомӯш набошанд. Мо бояд барои барпо кардани як ҷомеаи одилона, ки дар он ҳар инсон бо ифтихор таҳсил кунад ва имкониятҳои баробар дошта бошад, талош кунем.

Ҳар як қадами мо, талош барои озодӣ ва адолат метавонад ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон роҳ кушояд. Ҳар гоҳ, ки мо барои ҳақиқат ва озодӣ садо баланд мекунем, як қадам ба сӯи муҳити беҳтар ва ояндаи дурахшонтар барои насли оянда наздиктар мешавем.

Биёед, бо ҳам муттаҳид шуда, барои озодӣ, адолат ва ояндаи дурахшон барои фарзандони худ мубориза барем! 

Бо эҳтиром “Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза