3.1 C
Dushanbe
27.12.2024

Раҳмонов ҳеҷ гоҳ ғамхору пуштибони мардум набудааст

 26 январи соли равон раиси «Ҷамоати тоҷикони Волгоград” Саидаҳмад Маҳмадов ба Радиои Озодӣ дар бораи фавти 6 нафар муҳоҷирони тоҷикистонӣ бар асари заҳролудшавӣ дар гармхонаи як хоҷагии деҳқонӣ дар шаҳраки Рахтинкаи Русия хабар дод. Онҳо зодагони ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангир) ва Бохтари вилояти Хатлон Қобилҷон Файзиддинов (2001), Қосимҷон Файзиддиннов (2002) Нуриддин Файзиддинов (1985), Саидакрам Кабутов (2000), Идибек Соломов (1992) Муҳаммадҷони Раҳмоналӣ (2000) буданд.  Як рӯз қабл, 24 январ бошад, тибқи иттилои  расонаҳои Русия ронандаи таксӣ Давлатов Эмомалӣ зодаи шаҳри Ваҳдат низ дар фурӯдгоҳи шаҳри Санкт-Петербург ба таври ваҳшӣба қатл расонида шуд.

Ин гуна ҳодисаҳо дар солҳои ахир барои мардуми кишвар як ҳодисаи муқаррарӣ шудааст. Тибқи омор ҳамасола аз Русия ба Тоҷикистон тобути садҳо нафар муҳоҷиронро, ки бар асари куштор, беморӣ ва садамаву тасодуф ҷони худро аз даст медиҳанд, фиристода мешаванд. Соли 2020 бар асари ҳамагири бемории куруно ва баста будани роҳҳои заминиву ҳавоӣ тобути танҳо 300 нафар ба Ватан фиристода шуданд ва як қисми ҷасадҳо дар ҳудуди Русия ба хок супорида шуданд.Шояд бисёриҳо чунин андеша кунанд, ки сарнавишти ҳар як инсон азалист. Бале, сарнавишт дар дасти Худованд аст, вале оё боре фикр накардаед, ки  муҳоҷироне, ки бо мақсади пайдо намудани як бурда нон  аз Ватан ва пайвандонашон ҷудо шуда, дар ғарибӣ ҷони худро аз даст медиҳанд, аксаран ҷавонони 20-30 ва 40-50 сола мебошанд. Агар онҳо дар Ватани худ бо кор таъмин мебуданд, шояд дар таҳхонаҳои сарди Русия ба беморӣ гирифтор намешуданд, дар вагонҳои хурд аз дуд ё газ заҳролуд намегардиданд, аз дасти ҷавонони миллатгарои ин кишвар ба қатл намерасиданд. 

Мубаллиғон ва тарафдорони Ҳукумати истибдодии Раҳмонов иддао доранд, ки муҳоҷират як падидаи муқаррарии замони мост ва он дар ҳама кишварҳои олам мушоҳида мешавад. Шояд, вале ҳар кишваре, ки ба мисли Тоҷикистон иқтисодаш заиф, низомаш фасодзада, сокинонаш, махсусан ҷавононаш бекор, сатҳи зиндагии мардумаш паст аст, мардуми  он кишвар бештар даст ба муҳоҷират мезанад. Тибқи омори Ҳукумати Тоҷикистон дар Русия ва дигар кишварҳо ҳудуди ним миллион муҳоҷирони тоҷикистонӣ кору зиндагӣ мекунанд. Вале омори расмии Русия мегӯяд, ки танҳо дар Русия аз Тоҷикистон  ҳудуди якуним миллион муҳоҷир ба кору зиндагӣ машғуланд. Ниҳодҳои режими Раҳмонов ҳақиқати ҳолро ба мисли ҳамеша аз мардуми худ пинҳон медоранд.

Диктатор Раҳмонов  дар давоми 30 соли ҳокимият натавонист мардумро бо кору маош таъмин намояд, аз ин сабаб ҷавонон, ҳатто онҳое, ки дипломи маълумоти олӣ доранд, маҷбуранд тарки Ватан карда, дар кишварҳои бегона муздурӣ кунанд.  Ин аст, ки ҳамасола мо шоҳиди ба Тоҷикистон фиристода шудани тобути садҳо ҷавонони ғурамарг мешавем ва ин ҳол то он даме, ки режими истибдодии Раҳмонов дар сари қудрат ҳаст, давом хоҳад ёфт.

Аламовартар аз ин боз он аст, ки   Раҳмонов на танҳо нисбат ба сарнавишти сокинони кишвар, махсусан шароити зиндагии муҳоҷирони корӣ, ки ҳамасола ба Тоҷикистон миллиардҳо доллар ворид мекунанд,  бетафовут аст ва боре ҳам аз ҳуқуқҳои онҳо ҳимоя намекунад, балки ба хонаводаҳое, ки  фарзандону пайвандони худро дар муҳоҷират, ва ё дар худи кишвар бар асари офатҳои табиӣ  ва ҳатто дар ҳифзи марзҳои Ватан дар Ворух аз даст дадаанд, боре ҳам  таъзия ва ҳамдардӣ баён накардааст. Дар ҳоле, ки агар дар як кишвари дигар  ҳамин гуна як фоҷиае рух диҳад, ӯ дарҳол барқияи таслият мефиристад.

Ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки Раҳмонов ҳеҷ гоҳ ғамхори мардум ва сокинони Тоҷикистон набудааст ва танҳо аз хонавода ва пайвандону наздикони худ, ки фақат ба ғорат намудани сарватҳои мамлакат ва мардум машғуланд ва ҳамчунин аз бақои режими хонаводагии худ ҳимоят ва пуштибонӣ мекунад.

 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза