Диктатор Раҳмонов бо режими худкомааш борҳо исбот намудааст, ки на танҳо аз мардум, балки хусусан аз фаолон ва муборизони сиёсӣ дар хориҷи кишвар — аз ҷумла аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” — сахт метарсад.
Солҳои пеш, ҳар вақт Раҳмонов ба кишварҳои аврупоӣ сафар мекард, фаолон ва мухолифони сиёсӣ, бахусус узви “Гурӯҳи 24”, бо эътирозҳои шадид ва пурзӯр ба “истиқболаш” мебаромаданд. Номи ӯ дар плакатҳо ҳамчун диктатор навишта мешуд. Мардум бо овоз ва эътироз ӯро шарманда мекарданд. Боре ҳатто бо тухм аз ӯ “пешвоз” гирифтанд.
Ин амалиётҳо Раҳмонов ва атрофиёнашро маҷбур карданд, ки барномаҳои хориҷии худро пинҳонӣ, бидуни эълон ва бидуни иштироки омма баргузор кунанд.
Рӯзи 8 июни соли 2025 Раҳмонов дубора ба Аврупо — дақиқтараш ба Фаронса — омад, вале чун рӯбоҳ, пинҳонӣ ва хомӯшона. На расонаҳо огоҳ шуданд, на ҷомеаи шаҳрвандӣ ва на мухолифин.
Чаро?
Зеро ӯ метарсад — аз рӯбарӯ шудан бо ҳақиқат, бо овози мардум, аз чашми ҳақбин метарсад.
Ин рафтор аз як ҳақиқат шаҳодат медиҳад:
Раҳмонов метавонад дар дохили кишвар мардумро ҳабс кунад, шиканҷа диҳад ва хомӯш созад,
вале дар Аврупо ӯ танҳо як диктатори тарсӯ ва шарманда аст, ки тоқати шунидани ҳатто як сухани ростро надорад.
“Гурӯҳи 24” ва садои ҳақиқат ӯро ба тарс овардаанд.
Садои ҳақ, эътирозҳои ҷавонмардона, фош сохтани ҷиноятҳо ва шикасти тарғиботи режим — ҳамаи ин чизҳо Раҳмоновро маҷбур карданд, ки ба Аврупо пинҳонӣ ва бо номи «мардумсолорӣ» биёяд, вале дар асл аз мардум гурезад. Чигунае, ки мегуянд:
Як бор ҷастӣ, малахак!
Ду бор ҷастӣ, малахак!
Охир ба дастӣ, малахак!
Худо хоҳад ба наздикӣ ин режим ва пояҳои ин режим мешиканад. Ва мардуми шарифи Тоҷикистон аз зулми имрӯза озод мешаванд.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”