3.1 C
Dushanbe
25.12.2024

Раҳмонов ин дафъа Вазорати маорифро гунаҳкори навбатии нокомиҳояш донист

 Чанд рӯз пеш Раҳмонов як тағйироти навбатии кадриро анҷом дод. Ин дафъа вазири маориф ва илм Имомзода ва муовинони ӯ аз мақомашон барканор шуданд. Раҳимҷон Саидзода вазири нави маориф, Ҷамшед Ҷӯразода муовини аввали вазир ва Шукрулло Хайрзода ва Лутфия Абдухолиқзода муовинони нави вазир таъйин шуданд.


Раҳмонов дар паёми ахираш ба Порлумон аз бахши маориф интиқоди сахт кард. Собиқ вазири маориф Имомзода ҷуръати баҳс накард ва эътироф намуд, ки дар соҳаи маориф мушкилоти зиёд вуҷуд дорад ва ҳатто дар нишасти хабарӣ бахшида ба ҷамъбасти фаъолияти соли 2021 ба мардум ваъдаи ислоҳот дод. Ва баъдан бо изҳороти бемаънии худ дар бораи тарки вазифа намудани омӯзгорон ва нарасидани кадрҳои омӯзгорӣ мавриди хандахариш гардид ва гуфт, ки “ин фоҷиа нест, балки як динамикаи ҳаётан муҳим аст”. Ӯ ҳамчунин ба суоли рӯзноманигорон дар бораи даъвати донишҷӯёну устодон ба артиш вокуниш нишон дод ва гуфт, ки “аз ин фоҷеа насозед”, ки ин посухи ӯ боиси хашми рӯзноманигорон ва шаҳрвандон гардид.


Шояд ин ҳама боис шуд, ки Раҳмонов тасмим гирифт дар чунин як фурсати олиҷаноб Имомзодаро дар ҳама чиз гунаҳкор кунад: ҳам барои он, ки сӣ сол боз омӯзгорон шароити муътадили кор ва маоши муносиб надоранд; ҳам барои он, ки дар пасманзари камбуди шадиди омӯзгорон кадрҳои бомаърифат ба сафи артиш даъват карда мешаванд; ҳам барои он ки ба донишҷӯён дониши хуб намедиҳанд ва сӣ сол аст, ки соҳаи маорифи Тоҷикистон танҳо муҳоҷиркоргар тайёр мекунад.


Дар ҳама мушкилот мансабдоронро гунаҳкор кардан тактикаи деринаи дӯстдоштаи Раҳмонов аст. Аммо, аҷиб он аст, ки худи ӯ ин вазирони ноуҳдабароро таъин мекунад. Пас, магар ин масъулияти худи Раҳмонов, айби худи Раҳмонов нест, ки дар тамоми мансабҳои муҳим одамони номуносиб ва бесалоҳиятро мегузорад, ки кореро анҷом дода наметавонанд ва ё анҷом додан намехоҳанд?
Вазири нав бошад, одами тасодуфӣ нест. Хонаводаи Раҳимҷон Саидзода дар доираҳои расмӣ маълум аст: бародараш муовини раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва бародари дигараш раиси вилояти Хатлон буда, қаблан ӯ ҳам муовини раиси шаҳри Душанбе буд. Боз маълум мешавад, ки ҳама чиз дар доираи хонаводаи Раҳмонов ҳал мешавад, ҳамеша дар мансабҳои калидӣ одамони ба ин хонавода наздик қарор мегиранд.


Раҳмонов пай дар пай вонамуд мекунад, ки мехоҳад чизеро тағйир медиҳад, вале чунон ки маълум аст, «аз дигар шудани ҷои ҷамъшавандаҳо ҳосили сумма тағйир намеёбад».
Метавонед вазиронро ҳар қадар, ки хоҳед, барканор кунед, аммо ин тамоми мушкилоти сершумори давлатро ҳал карда наметавонад. Корро бояд аз худи Раҳмонов сар кард, зеро чунин низоми пӯсидаро дар кишвар танҳо як нафар- Раҳмонови нодону бесалоҳият ва ноуҳдабаро бунёд кардааст ва онро ҳифз мекунад.


Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза