0.1 C
Dushanbe
21.12.2024

Раҳмонов духтарашро сафири Тоҷикистон дар Бритониё таъин кард

Чанд рӯз пеш дар матбуот хабари сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир таъин шудани Рухшонаи Эмомалӣ, духтари Эмомалӣ Раҳмонов нашр шуд. Фармонро дар бораи таъини ӯ шахсан Раҳмонов имзо кардааст.


Дар робита ба ин хабар шабакаҳои давлатӣ аз хидматҳои Рухшонаи Эмомалӣ ёдовар шуда, таъкид карданд, ки ӯ дар ин вазифа тасодуфӣ набуда, аз соли 2016 дар сафорати Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир кор мекард ва муаллифи китоби «Асосҳои хизмати дипломатӣ» низ мебошад. Китоб дар ҳамкорӣ бо академик Талбак Назаров навишта шудааст. Ҳарчанд расонаҳои давлатӣ ин хабарро дар партави “ҳамаи аъзои хонаводаи Раҳмонов ба нафъи давлат кор мекунанд” ба мардум ироа карданд, аммо бисёриҳо ба мувофиқ будани номзадии ӯ ба ин вазифаи масъул бо шубҳа нигоҳ карданд.
Норозигии мардум аз беадолатӣ рӯз то рӯз меафзояд, зеро онҳо бо чашми сар мебинанд, ки: “дар Тоҷикистон ҳама чиз танҳо барои хонаводаи Раҳмонов аст!”


Ин таъйиноти ахир мушкилоти азими давлати Тоҷикистонро боз ҳам дучанд кард: тамоми вазифаҳои масъул дар доираи танги хонаводаи Раҳмонов тақсим шудаанд ва барои одамони оддӣ, боистеъдод ва арзанда роҳ нест. Кишварро шахсони ғайриҳирфавӣ идора мекунанд ва дар сатҳи баланди идораи Тоҷикистон як хонавода қарор дорад. Агар дар сатҳи олӣ хешутабор будан бо хонаводаи Раҳмонов ҳама чизро ҳал кунад, пас дар сатҳи маҳаллӣ низ ҳамин принсип риоя мешавад: «дар ҳама ҷо одамони худӣ кор мекунанд» ва ин боиси мушкилоти бузург мегардад, зеро аксари вазифаҳоро ашхоси ғайриҳирфавӣ ишғол мекунанд, ки ин фасоди азимро ба вуҷуд меорад.


Дар ҳоле, ки мардум дар шароити фақру нодорӣ зиндагӣ мекунанд ва аксарият маҷбуранд, ки барои таъмини оилаҳои худ аз зану фарзанди худ дур ба кор раванд, Раҳмонов танҳо дар фикри рифоҳи фарзандони сершумори худ буда, хешу таборашро ба мансабҳои баланди давлатӣ таъин менамояд ва захираҳои калони давлатиро ба ихтиёри онҳо мегузорад.


Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза