3.1 C
Dushanbe
25.12.2024

Раҳмонов дар бораи мушкилоти ҷавонон сухан гуфт. Кӣ гунаҳгор аст?

21 май  Раҳмонов бо намояндагони ҷавонони кишвар мулоқот кард. Ин мулоқот ҳам чун анъана ба маҷлиси маддоҳон табдил ёфт:  ҷавонон ба ҷои баррасии мушкилоташон, гӯё рӯзи таваллуди Раҳмонов асту ӯро ба ин муносибат табрик карданд ва аз боби “хидматҳояш ба халқу Ватан” сухан гуфтанд. Аҷиб он аст, ки Раҳмонов  ба воқеият доштани ин ҳама мадҳу сано бовар дорад ва аз шунидани онҳо лаззат мебарад.

Вақтҳои охир нигаронии Раҳмонов дар масъалаи тарбияи насли наврас аён ба назар мерасад, зеро ӯ мефаҳмад, ки насли нав бештар пешрафта аст, аз интернет истифода мебарад, ба дигар кишварҳо ташриф меорад ва вазъи ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро ба таври воқеъӣ арзёбӣ мекунад. Аммо мутаассифона, ғамхории ӯ нисбати ҷавонон танҳо бо таблиғот ва маҳдудиятҳои истифодаи Интернет маҳдуд мешавад.

Ҳамин тавр, ҳангоми мулоқоти ахирӣ бо намояндагони ҷавонон, Раҳмонов муддати тӯлонӣ ба “эҳсосоти ватандӯстӣ ва шаъну шараф” даъват кард. Вай насиҳат кард: “… ҳеҷ гоҳ ба Ватани маҳбуби худ хиёнат накунед … Фаромӯш накунед, ки мардум хиёнат ва хоинонро ҳеҷ гоҳ намебахшанд.” Дар бораи муҳаббат ба Ватан сухан рондан ва ҳамзамон шахсан кишварро ғорат кардан ва мардумро ба хиёнат водор намудан худ риёкорӣ аст!  Магар амалҳои ҳукуматро таҳлил намуда, аз он  изҳори норозигӣ кардан ва кишвареро, ки дар он зуҳури ҳамаи усулҳои демократӣ зери фишор қарор дорад, тарк кардан  хиёнат аст?

Раҳмонов муддати тӯлонӣ дар бораи мушкилоти ҷавонон ҳарф мезад, аммо дар айни замон,  на идораи ноуҳдабароёнаи худро, балки  бемасъулиятии насли навро интиқод мекард. Ӯ аз истифодаи технологияҳои нав, алахусус интернет изҳори нигаронӣ кард, аз ин рӯ таъкид намуд, ки “зери таъсири шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва дигар васоити ахбори омма баъзе ҷавонони сустирода ва нодони мо ба доми гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтода, ба миллат ва Ватани худ хиёнат мекунанд …”  Ва роҳи аз ҳама осони пешгирӣ кардани ин падида, аз нигоҳи Раҳмонов, маҳдуд кардани дастрасӣ ба Интернет аст, ки ӯ солҳост ин корро анҷом медиҳад, аммо дар айни замон вай дар бораи ҷаҳолате, ки бояд решакан карда шавад ва дар бораи аҳамияти омӯзиши илми муосир ва истифодаи технологияҳои пешрафта сухан мегӯяд.

Ҳама чиз дар сари Раҳмонов   омехта шудааст: ӯ аз як тараф  пешниҳод мекунад, ки технологияҳои навро бояд омӯзанд ва аз худ кунанд, аммо дар айни замон аз Интернет истифода набаранд ва ба васоити ахбори ҷаҳонӣ дастрасӣ надошта бошад. Аҷаб таззоде!

Раҳмонов бо ифтихор гуфт, ки дар кишвар 175 донишгоҳ, 14 донишкада, 3 филиали донишгоҳҳои Русия, як академия, Консерваторияи миллӣ, 4 муассисаи таълимии ҳифзи ҳуқуқ ва филиали Донишгоҳи технологӣ дар Исфара, фаъолият доранд, ки дар онҳо 245 ҳазор донишҷӯ бо таҳсил фаро гирифта шудаанд  ва ҳамчунин  40 ҳазор нафар тоҷикистониён дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд. Вай ҳамчунин гуфт, ки дар кишвар ҳамасола беш аз сад ҳазор ҷойҳои кории нав бунёд мегардад ва ба ҳафтод дар сади ин ҷойҳои корӣ ҷовонон ба кор ҷалб карда мешаванд. Агар ин даъво воқеият дошта бошад, пас чаро ҳамасола садҳо ҳазор ҷавонон  барои кор ба хориҷ мераванд, даҳҳо ҳазор дар дохили кишвар бекоранд   ва даҳҳо бозори мардикорон ва коргарзанон фаъъол ҳастанд?

Раҳмонов ҷавононро ба илмомӯзӣ даъват кард, то талош  кунанд, ки  “насли оянда, фарзандони онҳо бесавод намонанд.” Ва ба гуфтаи ӯ,  манзараи ҷолибе падидор мешавад: Раҳмонов гӯё барои омӯхтани илм тамоми шароитро фароҳам овардаасту мардуми ҷоҳил таҳсил кардан намехоҳанд, ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ вақт мегузаронанд ва танҳо дар бораи террорист шудан ва аз Ватан рафтан фикр мекунанд, ба ватани худ хиёнат мекунанд. Раҳмонов бошад, гӯё ҳарчи бештар кӯшиш мекунад, ки онҳоро ба роҳи рост ҳидоят кунад.

Дар кишвар барои зиндагии шоистаи инсон шароит фароҳам овардан лозим аст, на ин ки дар ин бора лофу газоф задан. Охир, кӯдакон ба мактаб на аз рӯи хоҳиши худ, балки аз сабаби дур буданаш намераванд, бо либоси зарурӣ, ашёи хониш таъмин нестанд, (дар бораи  ҳатто дар хона компютер доштанашон  ҳоҷат ба гуфтан нест). Одамон аз сабаби камбизоатӣ  наметавонанд кӯдакро ба мактаб фиристанд, зеро боварӣ доранд, ки вай бе таҳсил ҳам бо меҳнати ҷисмонӣ ба оилаи худ  фоидаи бештар меорад. Ҷавонон аз сабаби надоштани имконоти иқтисодӣ  барои омӯхтани илм ба донишгоҳҳо намераванд, бисёриҳо маҷбуранд фавран барои таъмини оилаҳои худ ба кор шурӯъ кунанд, дар кишвар маълумоти олӣ эътибор  надорад, зеро пас аз  хатми таҳсил ҷои кор ва маоши  шоиста мавҷуд нест.

Агар дар Тоҷикистон зиндагии шоиста вуҷуд дошта бошад,  ҷавонони мо барои ҷустуҷӯи ҳақиқат ва маоши хуб ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид шуда,  ба доми истихдомкунандагони ДОИШ намеафтанд.  Онҳо аз набудани пул ва ночорӣ ҳамчун зархарид барои иштирок ба амалиётҳои ҷангӣ мераванд ва аслан на аз  хотири он ки “манфиатҳои миллӣ ва давлатиро,- тавре ки Раҳмонов изҳор мекунад,  фаромӯш кардаанд”.

 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза