1.1 C
Dushanbe
22.12.2024

Рахмонов осорхонаи худро ифтитоҳ кард: ӯ аз замона ҷилавтар қадам мезанад.

Рӯзи 22 январ дар бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Душанбе Осорхонаи Пешвои миллат ифтитоҳ ёфт. Дар ин маросим худи президент Раҳмонов ва писараш Рустами Эмомалӣ ширкат варзиданд.


Чанд сол аст, ки одат шудааст фарзандони моро ба мактаби миёна ва литсейи касбӣ-техникӣ, дар он ҷо, ки Раҳмонов таҳсил мекард, ба экскурсияҳои ихтиёрӣ- ҳатмӣ мебаранд. Акнун мо муваззаф хоҳем буд, ки ба шарафи Раҳмонови Бузург аз осорхонаи навбатӣ низ боздид намоем. Атрофиёни раисҷумҳур дигар намедонанд, ки чӣ гуна ба ӯ илтифот кунанд ва ҳама марзҳои ақли солим кайҳо гузашта рафтаанд, чоплусон бошанд наметавонанд бозистанд. Ҳар ҳокими солимақл ва муқаррарӣ кайҳо мегуфт: «Аз ман худо насозед ва дигар маро парастиш накунед! Хидматҳои аслии маро худи вақт арзёбӣ хоҳад дод”. Ба таври мисол раисҷумҳури Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев ҳар гуна қасидаҳои таҳсиномезро бар васфаш манъ кард. Боре як мансабдор кӯшиш кард, ки ӯро ситоиш кунад, вале бо ибораи ” Ба кори худ машғул шавед!” суханаш қатъ гардид. Раҳмонов бошад, бешубҳа аз бемории бузургманишӣ ранҷ мекашад ва аз таҳти дил боварӣ дорад, ки ӯ дорои тамоми фазилатҳост, ки дар шеъру сурудҳо бар васфаш гуфта мешаванд. Ва ин нишондиҳандаест, ки ӯ имрӯз ба дарки воқеияти атроф ва қобилияти дуруст арзёбӣ кардани худ қодир нест. Ин метавонад ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам дар сиёсати хориҷӣ оқибатҳои нороҳаткунандаеро ба бор орад.


Имрӯз мо шоҳиди чигунагии бознависии таърихи як кишвар ҳастем. Ба Раҳмонов сифатҳои олии шахсӣ, корнамоиҳои тасаввурнопазир ва корномаҳои наҷиб нисбат дода шуда, ҳамчун шаҳодати таърихи аз нав осорхонаҳои нав бунёд мегарданд.

Дар ояндаи наздик эҳтимол дорад, ки ба номи Президент Раҳмонов, шоҳроҳҳо ва хиёбонҳо, боғҳо, майдонҳо ва варзишгоҳҳо, мактабҳо ва донишгоҳҳо, фурӯдгоҳҳо, театрҳо ва китобхонаҳо, ҳатто баландтарин нуқтаи Тоҷикистон, қуллаи Коммунизм (ҳоло Исмоил Сомонӣ) гузошта шавад, пули воҳиди сомонӣ номи ӯро гирад, номи филми “Одам-анкабут” ба “Раҳмон Одам” ва сари Исмоили Сомонӣ бо сари Раҳмонов иваз карда шавад ва ҳатто зодгоҳи раисҷумҳур Данғара ба номи ӯ номгузорӣ гардад. Боз як теъдод ғояҳо мавҷуданд, ки мехоҳанд ба Пешвои Миллат илтифот кунанд.


Ҳар як шахси одӣ мефаҳмад, ки ин гуна буда наметавонад ва ин ҳама мазҳакае беш нест, аммо мутаассифона агар мардуми мо ба ин гуна осорхонаҳо раванд ва иҷоза диҳанд, ки фарзандони моро низ ба ин осорхонаҳо баранд, пас ин ҳама ба воқеият мубаддал хоҳад шуд. Ва мо дар ин самт ҳаракат дорем ва ба зудӣ теъдоди зиёди мансабдорон ба ҷои хидмат ба мардум танҳо корҳоеро анҷом хоҳанд дод, ки барои раисҷумҳурро бештар эҳтиром кардан рақобат кунанд. Дар ҳоле, ки ҳанӯз насле ҳаст, ки дар рӯҳияи парастиши раисҷумҳур-Худо ба воя нарасидааст, мо умедворем, ки бидуни Раҳмонов ва хонаводааш ояндаи равшан дошта бошем, аммо агар вақт надорем чизеро тағйир диҳем, пас насли оянда дар осорхонаҳои Раҳмонов ба воя расида, дар ғуломӣ ва қашшоқӣ зиндагӣ хоҳанд кард ва комилан нахоҳанд фаҳмид, ки ба тарзи дигар ҳам зиндагӣ кардан мумкин аст.

 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза