Посух ба дурӯғафкании Додситонии кулли Тоҷикистон нисбати Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”…
Ба таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ, созмонҳои ҳуқуқи башар ва расонаҳои мустақил мерасонем, ки ба ин дурӯғҳои шохдор таваҷҷуҳ фармоянд!
Рӯзи 14 феврали соли 2025, Насиба Бобокалонова, сардори Раёсати муносибатҳои байналмиллалии Додситонии кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ иддао намуд, ки дар соли 2024 ҳеҷ узви Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ба Тоҷикистон истирдод нашудааст. Ин изҳороти мақомоти Тоҷикистон як навъ таҳриф, инкоркунии воқеият ва дурӯғафканӣ мебошад, ки бо далелҳои ошкоро ва ғайриқобили инкор рад мешавад. Ҳатто дар назди ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дурӯғи руйрост мегуянд.
Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мақомоти қудратии кишвар на танҳо аз зулм даст намекашанд, балки руйрост ҷиноятҳои худро тариқи ВАО ва нишасти матбуотӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ иброз медоранд.
Тавре ки маълум аст, дар моҳи феврали соли 2024, Насимҷон Шарипов, намояндаи ҳаракат дар Туркия, ба таври мармуз нопадид шуд. Ҳамчунин, дар моҳи марти ҳамин сол, Суҳроб Зафар, роҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”, низ бенишон гардид. Пас аз нопадид шудани ин шахсиятҳо, мақомоти Тоҷикистон ҳар гуна иштироки худро дар рабудани онҳо рад мекарданд, дар ҳоле ки Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” даст доштани режими Раҳмоновро дар ин амали ғайриинсонӣ таъкид мекард. Аммо пас аз гузашти шаш моҳ, худи Додситонии кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар як нишасти хабарӣ тасдиқ намуд, ки Насимҷон Шарипов ва Суҳроб Зафар дар Тоҷикистон қарор доранд. Иқрори Юсуф Раҳмон даъвои ҳаракатро дар ин ихтилоф тасдиқ намуд.
Ин дурӯягии мақомоти тоҷик ва радду бадалҳои зиддунақизи онҳо нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар аъмоли ғайриқонунии рабудани мухолифин ва ба таври иҷборӣ овардани онҳо даст дорад. Маҳз ин амалкарди мақомоти Тоҷикистон боиси нигаронии ҷомеаи байналмилалӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башар гардидааст.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ин иддаои бардурӯғи Додситонии кулли Тоҷикистонро шадидан маҳкум намуда, талаб менамояд, ки:
1. Ҳукумати Тоҷикистон масъулияти худро дар бораи сарнавишти рабудашудагон бар дӯш гирад ва ҷавобгар бошад.
2. Созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои мизбони паноҳандагони сиёсии тоҷик тадбирҳои заруриро барои ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти онҳо рӯи даст гиранд.
3. Ҷомеаи байналмилалӣ мавридҳои истирдод ва рабудани мухолифони сиёсиро ҷиддан таҳқиқ намуда, нисбати мақомоти Тоҷикистон чораҳои муносибро татбиқ намояд.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” бори дигар таъкид менамояд, ки муборизаи он барои озодӣ, адолат ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон идома хоҳад ёфт ва ин гуна шеваҳои фишор наметавонанд садди роҳи ҳақиқат ва адолат гарданд.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”