3.1 C
Dushanbe
22.12.2024

Паёми табрикотии ” Гурӯҳи-24″ бахшида ба Рӯзи забон

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи- 24” тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи таърихии забони давлатӣ табрику шодбош намуда, орзуманди шукӯфоӣ, рушд, истиқлоли воқеӣ ва озодии ҷомеаи Тоҷикистон аст. Ҳамагон воқифанд, ки Қонуни забон 22 июли соли 1989 қабул гардид ва санаи аслии Рӯзи забон 5 октябр набуда, балки 22 июл аст. Интиқоли ин ҷашни муҳим аз санаи аслияш ба 5 октябр- рӯзи таваллуди Раҳмонов иштибоҳи бузург ва инҳирофи таърих аст. Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи- 24” ин амали ҷинояткоронаи ҳукуматдорони Тоҷикистонро маҳкум намуда, боварӣ дорад, ки рӯзе мардуми шарифи Тоҷикистон ин рӯзи муқаддасро дар санаи аслии таърихияш ҷашн хоҳанд гирифт. Ҳоло ин наворро ҳамчун армуғони идона пешкаши бинандагони азиз менамоем.


Ҳаракати сиёсии” Гурӯҳи-24″

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза