7.1 C
Dushanbe
21.11.2024

Оё таҷлили Рӯзи Сарқонуни кунунӣ барои мардуми Тоҷикистон муқаддас аст?

6 ноябр дар Тоҷикистон ҳамасола Рӯзи Сарқонун ҷашн гирифта мешавад. Ин санади асосии кишвар соли 1994, дар давраи душвори ҷанги шаҳрвандӣ, ки мардум дар он ояндаи дурахшони худро медиданд, қабул гардид. Сарқонун ба мардуми Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳоеро, ки усулҳои асосии давлатдориро муайян мекунанд, кафолат медиҳад. Сарқонуни соли 1994 аз ҷониби беҳтарин ҳуқуқшиносони замон, бедуни шитобкорӣ ва ба таври комил таҳия шудааст. Ва муҳимтар аз ҳама мутахассисоне, ки дар таҳияи лоиҳаи Сарқонуни мазкур кор карданд, аз ҳама гуна манфиатҳои худ ва дигар нерӯи сиёсӣ сарфи назар намуданд. То ба имрӯз коршиносон гузинаи Сарқонуни соли 1994-ро хеле олӣ арзёбӣ мекунанд, аммо он ҳодисае, ки бо санади асосии кишвар минбаъд рух дод, ба таври мубҳам баҳо дода мешавад.

Дар тӯли 26 сол ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии мардумӣ се маротиба тағирот ворид карда шуд. Бори аввал Ҳукумати кунунӣ соли 1999 ба далели таъсиси Порлумони дупалатагӣ ва аз панҷ то ҳафт сол дароз кардани мӯҳлати раисҷумҳурӣ Сарқонунро тағйир дод. Ва баъд, соли 2003 ба он зиёда аз сад тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Аммо аз ҳама муҳимаш, барои он тамоми ин саҳнасозӣ бо раъйпурсӣ оғоз карда шуд, ки маҳдудияти синну соли болоии номзад ба мақоми раисҷумҳурӣ , ки 65-сол буд, бардошта шуд, то як кас имкон дошта бошад, ки зиёда аз ду мӯҳлати пай дар пай ба ин вазифа интихоб шавад. Ана ҳамин тавр, мӯҳтарам Раҳмонови мо, “бо асосҳои қонунӣ” низоми худкомаи худро дар кишвар тақвият мебахшад. Тағйироти охирии ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон вориднамуда дар соли 2016 бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ дар чорчӯби қавонини давлати демократӣ намеғунҷад. Тибқи тағйироти охирин, дар кишвари мо унвони ” Пешвои миллат” пайдо шуд ва мӯҳтарам ҷаноби Раҳмонов худро ба сарвари абадӣ табдил дод ва барои мабодо ҳадди аққали маҳдудияти синнусолии номзад ба мақоми раисҷумҳуриро аз 35 то 30 сол пойин бурд. Ин барои он, ки дар ҳолатҳои ғайричашмдошт писари калонии Раҳмонов тавонад дар интихоботи раисҷумҳурии соли 2020 ширкат варзад ва қудрат дар дасти як ” хонаводаи мӯҳтарам” боқӣ монад.

Пас аз ин ислоҳот, на танҳо мухолифин, балки созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, ба монанди “Хабарнигорони бидуни марз”, “Авфи байналмилалӣ” ва ғайра, инчунин Вазорати корҳои хориҷии ИМА дар бораи омодагии руйрости интиқоли Ҳукумат аз Раҳмонов ба писараш ва тақвияти низоми худкома дар як кишварии демократӣ ошкор сухан ба миён оварданд. Имрӯз, Раҳмонов ҳангоми табрики ҳамватанон бо Рӯзи Сарқонун гуфт: “Вазифаи муқаддаси ҳар яки мо аз эҳтиром ва риояи меъёрҳои Сарқонун иборат аст ». Вале, оё худи ҷаноби Раҳмонов меъёрҳои муқарраркардаи Сарқонуни соли 1994- и аз ҷониби ҳуқуқшиносони варзида таҳиягардидаро риоя ва эҳтиром мекунад? Ҷавоб маълум аст: Не. Раҳмонов аз мутахассисон зирактар ​​аст ва медонад, ки дурусттараш чӣ гуна бояд бошад ва Сарқонуни кишварро барои дар курсии раҳбари кишвар роҳаттар ва бештар боқӣ мондан ҳар қадаре, ки лозим бошад, нав мекунад.

Вақте сарвари ҷумҳурӣ, ки бояд кафили риояи меъёрҳои қонуни асосии кишвар бошад, ҳузновар аст, ки онро дар хидмати худ мегузорад. Дар давлати демократӣ Раисҷумҳур меъёрҳои Сарқонунро иҷро мекунад, на ин, ки Сарқонун хоҳишҳои Раисҷумҳурро.

“Ид муборак, тоҷикистониёни азиз! Рӯзи Сарқонуне, ки онро Рахмонов борҳо тағйир додааст, муборак бошад!”

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза