0.1 C
Dushanbe
27.12.2024

Оё Раҳмонов ҷинояташро бар дӯш гирифта, назди мардум ҷавоб мегӯяд?

Чанд рӯз пеш дар расонаҳои ҳукуматӣ табрикоти “пешвои” бадноми миллат Эмомалӣ Раҳмонов ба муносибати иди саиди Фитр нашр шуд. Ин дафъа худаш лоиқ надонист ё аз коронавирус тарсид, ки табрикоташро худаш бихонад.
Дар ин табрикоти худ Раҳмонов бо тамоми пуррӯӣ иддао мекунад, ки “Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози пайдоиши коронавирус ҷиҳати пешгирӣ кардани воридшавии он ба кишвар тамоми чораҳои зарурӣ ва имконпазирро амалӣ гардонид. Аз ҷумла Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус таъсис дода шуд, ки вазифаи он ташкил ва танзиму ҳамоҳанг сохтани фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ доир ба пешгирӣ кардани паҳншавии ин беморӣ мебошад.”
Чи дурӯғи болохонадоре, чи бешармие, чи беинсофие! Ҷаноби Раҳмонов, магар ба маршировкаҳои ҳаррӯза дар зарфи чанд моҳ рондани донишҷӯён ва муаллимон ҳам чораҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирӣ аз коронавирус буд? Магар баргузор кардани ҷашни пуриздиҳом ба муносибати Наврӯз дар Хуҷанд ва Душанбе ҳам ҷузви ҳамон чораҳои зарурӣ буд? Ту барои чи ба ҷои узр хостан аз халқ, ба захми онҳо дар ин рӯзҳои пурмусибат намак мепошӣ? Инсофу одамгарият куҷост?!
Ҳама медонанд, ки пайдоиши коронавирус ҳанӯз декабри соли 2019 эълон шуд ва 11-уми марти соли 2020 Созмони ҷаҳонии беҳдошт коронавирусро бемории дунёгир, яъне пандемия номид ва ба ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тавсия кард, ки аз баргузор кардани чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ кунанд. Такрор мекунам, ин ҳушдори Созмони ҷаҳонии беҳдошт рӯзи 11-уми март эълон шуда буд.
Пас аз ин ҳушдор аксари кишварҳои дунё дари мактабу донишгоҳҳоро бастанд, ҳама чорабиниҳои оммавиро бекор карданд. Аз ҷумла ҳамсоякишварҳои мо – Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон барои ҳифзи ҷони мардуми худ карантину ҳолати фавқулода эълон карданд. Аммо “пешвои” бадноми миллат чи кор кард? Иҷозат дод, ки ин вируси қотил дар Тоҷикистон ба таври васеъ интишор ёбад, чунки дари мактабу донишгоҳҳоро набаст, маршировкаҳоро идома дод, ҷашни пуриздиҳоми Наврӯз дар Хуҷанд ва Душанберо барпо кард.
Дар натиҷаи ин бемасъулиятии Раҳмонов, ки он бечуну чаро ҷиноят бар зидди миллат аст, Тоҷикистон мувоҷеҳи як фоҷеа ва мусибати калон шуд. Ҳол он ки Тоҷикистон, агар ҳукумати Раҳмонов дар ҳақиқат чораҳои зарурӣ меандешид, метавонист бо такя ба таҷрибаи кишварҳои дигар, ки бо ин бало пештар рӯбарӯ шуда буданд, ин вабои дунёгирро сабуктар гузаронад.
То ба имрӯз тибқи хабарҳо садҳо нафар дар Тоҷикистони хурд ҷони худро ба сабаби коронавирус аз даст доданд. Дар байни онҳо даҳҳо табиб, муаллим, олим, ҳунарманд ва чеҳраҳои саршинос ҳастанд. Баланд будани дараҷаи маргумир дар байни муаллимон ва табибон нишон медиҳад, ки режими Раҳмонов ин ду табақаи муҳимтарини ҷомеаро дар 28 соли охир ба осебпазиртарин ва беҳуқуқтарин табақа табдил дода аст. Муаллимону табибон ба ҷои он ки ба касби асосии худ машғул бошанд, ба таври доимӣ ба маъракаҳои бемаънӣ чун интихоботҳои дурӯғину маршировкаҳои режими Раҳмонов маҷбуран ҷалб мешуданд ва дар натиҷа маҳз табибону муаллимон қурбонии асосии коронавирус дар Тоҷикистон шуданд. Коронавирусе, ки онро дар Тоҷикистон маҳз Раҳмонов бо тамаъ, баднафсӣ, худкомагӣ ва бемасъулиятии худ паҳн кард.
Агар чунин кореро роҳбари кишвари дигар мекард, ӯро халқ кайҳо сарнагун мекард ва ба маҳкама мекашид. Афсӯс, ки бечора мардуми мо аз ҳад зиёд таҳаммулпазир аст.
Эмомалӣ Раҳмонов бояд барои ин ҷинояти содиркардааш дар назди мардум ҷавоб диҳад. Боре Раҳмонов бо як ғуруру такаббур гуфта буд: “Мо бо хун омадем ва бо хун меравем!” Ҳоло дар ватани азизамон боз хуни бегуноҳон рехта шуда истодааст ва бино бар ин вақти рафтани Раҳмонов даррасидааст. Раҳмонов ва оилаи баднафсаш бояд барои ҳамеша аз ҳаёти тоҷикистониён гум шаванд. То ин халқ бори дигар болҳои худро рост кунад, аз бардагӣ озод шавад, номи некро ба худ баргардонад ва ба ҷаҳон синоҳову рӯдакиҳои нави худро ҳадя кунад.

Нуриддин Ризоӣ
Масъули равобити хориҷии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза