1.1 C
Dushanbe
22.12.2024

Нишасти ғайринавбатӣ дар Полша

Дирӯз, дар ҳошияи конфронси солонаи САҲА, ки дар шаҳри Варшави-пойтахти Полша идома дорад, ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” нишасти ғайринавбатии худро баргузор кард.

Дар ин ҷаласа, ҷонишини роҳбари “Гурӯҳи 24″ – Ҳусейн Ашӯров, масъули равобити хориҷии” Гурӯҳи 24″ – Нуриддин Ризоӣ ва сухангӯи гурӯҳ – Саидалӣ Ашӯров, Узви раёсати идорӣ ва шӯрои сиёсӣ Чиллаев Беҳрӯз Абдурраҳмонович бо дигар фаолону аъзои муқими ин кишвар иштирок доштанд.
Дар рафти нишаст, масоили гуногун матраҳ шуданд. Аз ҷумла, ҷараёни конфронси САҲА ва фаъолияти ҳаракат дар ин ҳамоиши байналмилалӣ. Инчунин, масоили будубоши аъзоёни гурӯҳ дар Полша матраҳ шуд, ки муҳимтарини онҳо, расидагӣ ба қазияи узви боздоштшудаи ҳаракат Мустафо Ҳаётов, ки дар хатари истирдод қарор дорад ва таъкид шуд, ки барои раҳоии ӯ бештар талош хоҳанд кард.

Нишасти имрӯза дар фазои хеле хуб анҷом ёфта, масъулин ва аъзои гурӯҳ барои анҷоми нақшаҳо ва барномаҳои дар пеш истода бо рӯҳияи воло ва омодагии солим таёрӣ диданд.

Бахши иттилоотии ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза