3.1 C
Dushanbe
21.12.2024

НИГАРОНИИ ҲАРАКАТИ СИЁСИИ “ГУРӮҲИ-24”НИСБАТИ ЭҲТИМОЛИ ИСТИРДОДИ ДИЛМУРОД ЭРГАШЕВ БА ТОҶИКИСТОН

 

“Гурӯҳи-24” ҳамчун як Ҳаракати сиёсӣ, ки бо ҳадафи пешбурди адолат, ҳуқуқи инсон ва мубориза алайҳи беадолатиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфтааст, аз эҳтимоли истирдоди шаҳрванд Дилмурод Эргашев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амиқан изҳори нигаронӣ мекунад. Мо бовар дорем, ки чунин амал метавонад ба ҷиддӣ вайрон кардани ҳуқуқҳои инсонии ӯ ва ба таҳдиди мустақим ба озодии шахсиаш оварда расонад.

“Гурӯҳи-24” дар гузашта шоҳиди он буд, ки шаҳрвандони дигаре,  Билол Қурбоналиев ва Абдуллоҳи Шамсиддин дар соли 2023 аз Олмон ва соли 2020 Ҳизбулло Шовализода аз Австрия, ки ба Тоҷикистон истирдод шуданд, дар зери фишори шадид қарор гирифта, бе далелҳои ҳуқуқии кофӣ ба зиндон андохта шуданд. Ин таҷрибаи талх ва таъқиботи сиёсӣ, ки давлат нисбати фаолон ва шахсони гумонбар дар фаолиятҳои мухолифин анҷом медиҳад, сабаб шудааст, ки мо бори дигар даъват ба риояи ҳуқуқ ва адолат намоем.

Дилмурод Эргашев ҳаргиз узви “Гурӯҳи-24”набуда ва ба ҳеҷ ҷое ҳамчун узви расмии ин ҳаракат сабт нашудааст. Инчунин, ягон дархост ё тасдиқи узвияти ӯ аз ҷониби масулони собиқ ва ҳозираи ҳаракат қабул нашудааст. Бинобар ин, ҳар гуна иттиҳом ё маълумот дар мавриди рабти Эргашев ба “Гурӯҳи-24” комилан беасос ва нодурусту дурғ мебошад.

Аҷиб аст, ки шахсоне ё муассисаҳо бе ягон асоси воқеӣ ва далели муътамад Дилмурод Эргашевро ба ҳаракати мо рабт медиҳанд. Мо мехоҳем аз ҳамаи ниҳодҳои вобаста, аз ҷумла мақомоти марбута ва созмонҳои хабарнигорӣ хоҳиш намоем, ки дар оянда барои гирифтани маълумоти дуруст ва муътамад аз манобеи эътимоднок истифода кунанд. Тавсия медиҳем, ки онҳо пеш аз паҳн кардани ҳар гуна иттилооти марбут ба Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” бо намояндагони расмии ҳаракат дар кишварҳои мутаносиб тамос гирифта, аз дурустии маълумот бовар ҳосил кунанд. Ин рафтор на танҳо ба шаффофияти иттилоот, балки ба обрӯи созмон ва хабарнигории масъулиятнок мусоидат мекунад.

Дар охир, Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”, ба мақомоти Олмон ва ҷомеаи байналмиллалӣ муроҷиат намуда, хоҳиш мекунем, ки дар раванди қабули қарор оид ба Дилмурод Эргашев адолат, шаффофият ва инсонпарвариро риоя намуда, ӯро ба Тоҷикистон истирдод накунанд. Мо бовар дорем, ки муҳофизати ҳуқуқи шахс ва таъмини адолат арзишҳои бунёдии ҷомеаи демократиро тақвият мебахшанд ва умедворем, ки ин қазия дар асоси принсипҳои инсонпарварӣ ҳал хоҳад шуд.

Бо эҳтиром, Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза