Дирӯз 01.12.2024 Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” интихоботи дохилии худро барои интихоби роҳбари нав баргузор намуд. Дар ин интихоботи муҳими дохилӣ, ки бо риояи пурраи меъёрҳои мардумсолорӣ сурат гирифт, натиҷаҳои зерин ба даст омаданд:
Дилшод Шарипов – 76,6% овоз
Муҳаммадҷон Абдуллоев – 11,7% овоз
Муҳаммадсобир Абдулқаҳҳор – 11,7% овоз
Бо дастгирии беш аз се ду ҳиссаи овоздиҳандагон, Дилшод Шарипов ба ҳайси роҳбари нави ҳаракат интихоб шуд.
Ин натиҷа нишон медиҳад, ки аксарияти аъзои ҳаракат ба роҳбари нав эътимоди қавӣ доранд ва омодаанд таҳти роҳбарии ӯ барои расидан ба ҳадафҳои стратегии “Гурӯҳи-24” талош кунанд.
Номзадҳои дигар – Муҳаммадҷон Абдуллоев ва Муҳаммадсобир Абдулқаҳҳор – ҳар яке 11,7% овозҳоро ба даст оварда, саҳми худро дар пешбурди раванди ҳаракат нишон доданд.
Ин интихобот, ки бо иштироки ҳамаи аъзои ҳаракат баргузор шуд, на танҳо як иқдоми муҳим дар таърихи сиёсии он мебошад, балки як намунаи равшани садоқат ба арзишҳои мардумсолорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ низ ба ҳисоб меравад.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ба роҳбари тоза интихобшуда муваффақият дар мубориза ва пешбурди ҳаракат ба сӯи қуллаҳои муроди мардуми Тоҷикистон, ки раҳои аз режими диктатории Раҳмонов ҳаст, дар чаҳор соли оянда орзумандаст.
Ҳамзамон ба ҳамаи номзадҳо барои иштироки фаолона ва ба тамоми аъзо барои пуштибонии густурдаи худ изҳори сипос менамояд.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”.