7.1 C
Dushanbe
27.12.2024

Намояндаи Гурӯҳи 24 Насим Шарипов дар Истамбул боздошт шуд

Имрӯз, 30 декабри соли 2021, соати 13:00 ба вақти Туркия намояндаи Гурӯҳи 24 Насим Шарипов дар Истамбул боздошт шуд.
Кормандони интизомии Туркия бо либоси шаҳрвандӣ ба маҳалли зисти Насим Шарифов омада, ӯро бо худ бурданд.
Дар ҳоли ҳозир сабаби боздошт ва ба чӣ гунаҳкор будани Насим Шарифов ба мо маълум нест. Мо тахмин мезанем, ки боздошт бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар робита ба фаъолияти сиёсӣ ва ширкат дар Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” сурат гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки Насим Шарифов аз соли 2015 дар Туркия зиндагӣ мекард ва ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буд.
Соли 2018 ӯ дар Истанбул ҳамроҳ бо раҳбари “Гурӯҳи 24” Сӯҳроб Зафар боздошт шуда буд. Баъдан тамоми айбномаҳо лағв шуд ва Насим Шарипов дар Туркия мақоми паноҳандаи сиёсӣ гирифт.
Моҳи марти соли 2020 ӯро бори дигар боздошт ва ба маҳбаси депортатсия фиристоданд, вале ба шарофати мудохилаи саривақтии вакил, ихроҷ ба Тоҷикистон лағв шуд.
Дар бораи боздошти Насим Шарипов пас иттилои вакили мудофеъи ӯ ва изҳороти расмии ҷониби Туркия маълумоти муфассал медиҳем.
Мо аз тамоми созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар даъват мекунем, ки ба ангезаи ҳабси Насим Шарипов таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд ва ба озодии пеш аз мӯҳлаташ мусоидат кунанд!!!


Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза