Имрӯз, ҳайати “Гурӯҳи 24” иборат аз 15 нафар аз кишварҳои гуногун ҷиҳати иштирок дар нишасти САҲА оиди андозагирӣ ва баррасии ченакҳои ҳуқуқи инсон дар кишварҳои узви ин созмон, ки қарор аст аз 16 то 27-уми сентябри соли ҷорӣ давом ёбад, ба шаҳри Варшаваи кишвари Лаҳистон сафар карданд. Дар ин сафар, намояндагони “Гурӯҳи 24”-ро масъули ин гурӯҳ дар кишвари Олмон – Маҳмадраҷаб Саидалиев роҳбарӣ мекунад.
Дар нишасти имсолаи САҲА, қарор аст аз “Гурӯҳи 24” 21 нафар аз кишварҳои Аврупо ва ИДМ ширкат варзида, бисёре аз онҳо тибқи оинномаи ин нишаст дар мавзӯъҳои гуногуни муайяншудаи ин созмон перомуни ҳуқуқи инсон суханронӣ намоянд. Аз рафти ин нишаст ва ширкату суханрониҳои намояндагонамон ба шумо маълумоти муфассал гузориш хоҳем дод.
Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”