0.1 C
Dushanbe
21.12.2024

МУВАФФАҚИЯТ БА ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ 2024

 

Ба тамоми варзишгарони тоҷик, ки дар Бозиҳои Олимпии 2024 дар шаҳри Пориси Фаронса иштирок менамоянд, аз номи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” самимона миннатдории худро изҳор менамоем!

Иштироки шумо дар ин чорабинии бузурги ҷаҳонӣ на танҳо ифтихори миллат, балки намунаи баланди худшиносӣ ва садоқат ба Ватани азизамон Тоҷикистон мебошад. Бозиҳои олимпӣ бо ҷалби варзишгарон аз 206 кишвари ҷаҳон, ҳамчун рамзи дӯстӣ ва ҳамгироӣ шинохта мешаванд. Дар ин мусобиқаи варзишии оламшумул, зиёда аз даҳазор варзишгар дар 32 ришта рақобат мекунанд ва мо бо ифтихор шуморо дар миёни онҳо мебинем.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” новобаста аз мавқеи сиёсии худ, бо тамоми самимият ва эҳтиром ин заҳматҳои шуморо, варзишгарони далер ва фидокори тоҷик, қадрдонӣ менамояд. Мо бо дидани иродаи қавӣ ва истеъдоди шумо боварӣ дорем, ки шумо метавонед на танҳо ҷойҳои намоёнро соҳиб шавед, балки парчами кишвари азизамонро дар арсаи байналмиллалӣ баланд бардоред. Мо ба шумо орзуи муваффақият дорем ва умедворем, ки натиҷаҳои шумо ҳамчун илҳоми нав ба ҷавонони тоҷик хидмат хоҳанд кард.

Шумо намунаи равшани он ҳастед, ки бо меҳнат, талош ва иродаи қавӣ дар ҳар самти фаъолият чӣ варзиш ва чӣ сиёсат метавон ба ҳадафҳои баланд ноил гардид. Ҳар як пирӯзии шумо ифтихори тамоми миллати тоҷик хоҳад буд ва номи Тоҷикистонро дар саҳифаҳои таърихи варзишии ҷаҳонӣ бо ҳарфҳои заррин менависед.

Бигзор ин бозиҳо барои шумо марҳилаи дигаре дар рушди касбӣ ва шахсии шумо бошанд ва бигзор ҳар як қадам дар ин арсаи бузург ба сӯи ояндаи дурахшон ва муваффақиятҳо роҳнамоӣ намояд.

Бо эҳтиром ва умеди дидори пирӯзиҳои шумо!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”.

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза