4.1 C
Dushanbe
03.12.2024

Моҳи шарифи Рамазон муборак бод!

Ба номи Худованди бениҳоят бахшанда ва басо меҳрубон

Дуруди бепоён бар фиристодаи Ӯ – Муҳаммади Мустафо салаллоҳу алайҳи ва саллам. Худованди соҳиби Ҷалол дар ояи 183-юми сураи Бақара мефармояд: “Эй он касоне, ки эмон овардаед, рӯзаи моҳи Рамазон бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гуна ки ба гузаштагони пеш аз шумо фарз гардида буд, то ба василаи он тақво намоед.” Ва инчунин Паёмбар Муҳаммад (с) фармудааст: “Касе, ки рӯзаи моҳи Рамазонро аз рӯи эмондорӣ ва эҳтисоб рӯза дорад, гуноҳони гузаштаи ӯ омӯрзида мешаванд.” Ва ҷое дигар дар ҳадиси қудсӣ фармудааст: “Рӯзаи моҳи Рамазон барои (ризои) ман аст ва ман подоши онро медиҳам.”
Оиди фазилату баракоти моҳи мубораки Рамазон оятҳо ва ҳадисҳои бешуморе вуҷуд дорад. Моҳи Рамазон нуҳумин моҳе аз моҳҳои қамарӣ буда, яке аз беҳтарин моҳҳои сол ба шумор меравад. Калимаи Рамазон аз решаи “рамз” гирифта шуда, ба маънои шиддати гармии офтоб болои сангрезаҳо мебошад. Ва ин моҳ мутобиқ ба фасли гармои тобистон номгузорӣ шудааст. Яъне, ин моҳ дар вақти номгузорӣ бо фасли гармои сол рост омада, Рамазон ном гирифтааст.
Рамазон моҳи нузули Қуръони карим ва моҳи худовандӣ буда, шаби қадр дар он қарор дорад. Моҳи Рамазон хело фурсати нодире барои ба даст овардани аҷру савоб ва баракот мебошад.
Моҳи Рамазон боз як фурсати муноҷот ва наздик шудан ба Холиқи яктост, ки ҳар лаҳзаи онро бояд қадр намуд. Барои истифодаи ҳар чӣ бештар аз лутфи вижаи илоҳӣ дар ин моҳи шариф, бояд аз рӯзи аввал барномарезӣ карду бо омодагии комил ворид шуд, дар сурати ғайр, ин фурсати истисноиро аз даст хоҳем дод.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24 ” дар ин фурсати муносиб, аз номи раёсати ҳаракат, аъзоён ва тарафдорони он тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон ва куллияи мусалмонони ҷаҳонро ба фарорасии ин моҳи баракоту ғуфрон табрик намуда, аз Худованди Маннон барои ҳамагон тавфийқ ва қабули ибодотро талаб дорад. Қобил ба зикр аст, ки имрӯзҳо инсоният дар аксари гӯшаву канори дунё бо як вабои аср бо номи “Вируси Тоҷдор” дар мубориза мебошанд, ки дар натиҷа то ҳол ҷони садҳо ҳазорро гирифта, миллионҳои дигарро сироят намуда, вориди бемористонҳо намуда, ва боқии дигарро дар манзилҳои худ қарор додааст. Бале, шаҳрвандони мо низ, аз ин ҳолат инстисно намебошанд, зеро зиёда аз ду миллион шаҳрвандони мо дар хориҷ аз кишвар дур аз ақрабои худ, дар муҳоҷиратҳои гуногуни меҳнатию сиёсию иқтисодӣ қарор доранд. Мушкилоти онҳо баъд аз паҳн шудани ин вабои аср ба мартиб зиёд гашатааст, ки ба ғайр аз Холиқи Якто дигар паноҳу малҷае надоранд. Дар ҳоле ки шаҳрвандони кишварҳои дигар аз тамоми сабукиҳои зиндагӣ бархурдор мебошанд, шаҳрвандони мо аз кӯчактарин имдодҳои тиббӣ ва маводи асосии зиндагӣ маҳруманд.
Барои ҳамин, Рамазони имсол аз солҳои пешин фарқи зиёде хоҳад дошт. Умедворем, ки ҳолати ба вуқӯъ пайваста, сабаби якҷоягии миллат гашта, барои рафъи ин вабо ва мушкилоти асосии кишвар тасмими боҳикмате хоҳанд гирифт.
Моҳи мубораки Рамазон барои ҳамагон фурсати дигаре хоҳад дод, то бо Холиқи Яктои худ дар иртибот бошем, то Ӯ Таоло ҳамаро аз ин вабо дар амн нигоҳ дораду мушкилотро ҳал намояд.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” аз тамоми шаҳрвандони кишвар дархост менамояд, ки сарфи назар аз мавқеъҳои гуногуни худ барои дастгирӣ ва кӯмаки ҳамватанони хеш омода бошанду дар ҳолати зарурат бо қадри имконияти дошта, бо ҳамватанон бошанд.
Бори дигар Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” фаро расидани ин моҳи аҷру савоб, баракоту ғуфронро ба ҳамаи ҳамватанон ва тамоми мусалмонони ҷаҳон табрик ва муборакбод мегӯяд.

Бахши итилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза