3.1 C
Dushanbe
21.12.2024

Миннатдорӣ ба пизишкони тоҷик

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ба тамоми пизишкон ва кормандони муассисаҳои тиббӣ, ки дар ин рӯзҳои душвор бо мардуми кишвари мо ҳастанд ва ҷони худро дареғ надошта дар хатти якуми дифоъ ва мубориза бо пандемияи сироятии Коронавирус (Ковид 19), ки имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвар ба таври сареъ паҳншавӣ дорад, қарор доранд, изҳори сипоси фаровон менамояд.
Пизишкони мо дар шароити камбуди таҷҳизоти ҳифозатии шахсӣ ва пуштибонии кофӣ аз ҳукумат, набуди ҷой дар бемористонҳо ва ҳаққи кории ночиз, даст ба кор шудаанд ва тамоми талоши худро барои наҷоти шаҳрвандони худ анҷом медиҳанд. Бидуни шак, онҳо қаҳрамонҳои ҷонбаркафи замони мо ҳастанд, зеро зимни кор дар бемористонҳо ва марказҳои дармонӣ, ҷони худ ва азизони худро дар хатар меандозанд.
Бинобарин, ҳар як шаҳрванди кишвари мо бояд ҷойгоҳи онҳоро донаду қадр кунад ва аз онҳо сипосгузор бошад. Ба қадри тавон аз ҷиҳати равонӣ аз онҳо ҳимоят кунад, зеро ҳар як аз афрод ва наздикони ӯ метавонад ба ин беморӣ гирифтор шавад ва ҷони ӯ ва наздиконаш аз пизишкон бастагӣ дорад.
Мо аз пизишкон ва кормандони муассисаҳои пизишкӣ мехоҳем, то ҳадди имкон аз тариқи расонаҳо ва ё шабакаҳои иҷтимоӣ бо мардум бештар иртибот барқарор намоянд ва вазъияти бемории ҳамагирро тавзеҳ дода, дар мавриди мушкилоти мавҷуда дар муассисаҳои пизишкӣ сӯҳбат кунанд, дар мавриди камбуди таҷҳизоти муҳофизатии шахсӣ кӯмак бихоҳанд ва гунаҳои ҳифозат аз ин бемориро баён кунанд.
Бори дигар аз номи тамоми мардуми кишвар ба пизишкони қаҳрамони худ изҳори сипос менамоем.

Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза