-0.9 C
Dushanbe
26.12.2024

Милитсияи тоҷик бояд на дастгоҳи саркӯбгар, балки ҳомиву пуштибони мардум ва кишвар бошад!

 10 ноябр ҳамасола дар Тоҷикистон Рӯзи милитсия ҷашн гирифта мешавад. Милитсияи тоҷик ҳамчун вориси милитсияи шӯравӣ пас аз Истиқлол фаъолияти худро ба сифати як ниҳоди Тоҷикистони соҳибистиқлол давом дода меояд.

Рӯзи милитсия дар Тоҷикистон то соли 2012 дар таърихи 6 феврал таҷлил мегардид, вале бо пешниҳоди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармони Президент аз соли 2012 ин рӯз ба 10 ноябр, ба рӯзи таърихияш, таъсиси Комиссариати халқии корҳои дохилӣ (НКВД) интиқол дода шуд. Ин дар ҳолест, ки ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ пас аз касби Истиқлол ҷашну маросимҳои худро вобаста ба таърих ва фарҳанги миллии худ интихоб намуданд. Тоҷикистон бошад, дар зери сояи “бародари бузургаш” Федератсиюни Русия Рӯзи милитсияро ба мисли худи Русия ҳамчун мероси замони шӯравӣ ҷашн мегирад.
Нуктаи дуввуми қобили зикр он аст, ки дар тӯли солҳои Истиқлол милитсияи тоҷик обрӯву ҳайсияти худро аз даст дод. Ин ниҳод чун дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми фош сохтани ҷиноят аз шиканҷаву озор истифода мебарад, ки ин ба таҳқиқоти ноодилона, фасод ва нобоварии мардум нисбат ба ин ниҳоди ҳифзи ҳуқуқ сабаб шудааст. Имрӯз мардуми кишвар дар симои милиса ҳомиву пуштибони худро надида, балки аз ӯ хавфу ҳарос доранд. Ҳарчанд тибқи қонун гунаҳкорони шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро аз 2 то 15 сол зиндон таҳдид мекунад, вале мо боре надидаем, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои чунин қонуншиканияшон ба ҷавобгарӣ кашида шуда бошанд.

Барои беҳбуди кор ва шаффофияти фаъолияти ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ роҳбарияти ВКД, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ аз соли 2010 боз ба ислоҳот талош меварзанд. Мақсад аз ин ислоҳот на танҳо иваз кардани номи он аз “милитсия” ба “пулис”, балки пеш аз ҳама боло бурдани сатҳи ҳирфавии кормандон, мубориза бо фасод дар ин соҳа, аз байн бурдани шиканҷа ва муносибати бераҳмона бо боздоштшудаҳо гуфта мешуд.
Тибқи омори расмӣ барои ислоҳоти милитсия аз соли 2012 то 2019 аз буҷаи давлат бештар аз 1 миллиард сомонӣ сарф ва аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ 329 миллион сомонӣ кӯмак шудааст. Ин ҳама вале кори ин ниҳодро беҳтар накард, зеро ислоҳоти милиса ба нафъи Ҳукумат ва раҳбарони ниҳод нест. Милиса дар кишвар дар дасти режими Раҳмонов ҳамоно ба сифати як василаи саркӯб кардани мухолифини сиёсӣ истифода бурда мешавад. Албатта миёни кормандони милиса ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ашхоси бовиҷдон, ҳирфаӣ ва ҳомиёни воқеии мардум ҳам кам нестанд, вале онҳо дар муқобили низоми диктатории Раҳмонов коре карда наметавонанд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” кормандони ин ниҳодро бо Рӯзи милитсия табрику муборакбод намуда, барояшон комёбӣ, хушиҳои рӯзгор ва муҳимтар аз ҳама риояи вазифаҳои аслияшон: ҳимояи ҳуқуқи мардумро орзу мекунад. Бо умеди он рӯзе, ки кишвари азизамон аз чанголи режими хонаводагӣ раҳо ёбад ва милитсияи тоҷик тавонад ҳомии воқеии мардум ва Ватан гардад.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза