3.1 C
Dushanbe
21.12.2024

Матни суханронии Муҳаммадҷон Абдуллоев дар ҷаласаи солонаи Гурӯҳи 24

Вазъи дин ва тахкири имондорон. Сатхи дахолати хукумати кишвар дар зиндагии чамъиятии мардум

Тоҷикистон, ҳамон туре ки дар қонуни асосияш муаррифӣ шудааст: як кишвари соҳибихтиёр, демукросӣ, ҳуқуқбунёд… мебошад. Барои чӣ гуна ҳукумат кардан ва чигунагии муносиботи давлат ва мақомдорон бо ҷомеъа, яъне мардум , дастурамале бо номи Сарқонун ва боз дигар қавонине, ки бояд танҳо дар сурати мувофақа кардан бо қонуни асосӣ амал кунанд, вуҷуд дорад.
Пеш аз ин ки перомуни чӣ гунагии бархӯрд ва муносибати раиси ҷумҳур ва ҳукумату мақомоти кишвар бо мардум сӯҳбатро оғоз кунем, як чанд мисол аз нуқоти муҳим барои намуна аз манбаъи аслӣ, яъне Сарқонун меорем ва дар зер ба шарҳу тафсил ва муқоисаи он бо ҳаёти воқеии мардум мепардозем .
Барои мисол:
Дар моддаи даҳӯми Сарқонун чунин баён шудааст, ки:
“Конститутсия Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд ”
Вале мо мардуми ҷомеаи тоҷик дигар аз эътибору меъёри Сарқонун чизеро пай намебарем. Ҷои онро вожаҳое чун, пешво, ҷаноби олӣ, мӯҳтарам роҳбари давлат, сиёсати хирадмандонаи ҷаноби олӣ ва дар зер хонаводаи ҷаноб аз фарзандон то хешу наздикон ва боз поинтар кормандони давлатие, ки мутеъ ва нонхӯри ин хонавода ҳастанд, гирифтаанд. Ҳаркӣ аз ин гурӯҳ худ қонунгузору қонунбарор шудааст. Вақте кас гӯяд, ҳой марди хуб, қонун чунин мегӯяд: ҷавоб бедиранг ин аст, ки: фармон аз болост”, муқтазои замон чунин аст.
Ин гунаи бархӯрд нисбат ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа вуҷуд дорад , вале чун барномаи мо маҳдуд аст, наметавонем атрофи ин ҳама сӯҳбат кунем ва далоил биёрем, аз ин рӯ ба баёни мавзӯъи хеш иктифо мекунем.
Ҳанӯз як аср шуд, ки мардуми диндор ва пайравони боварҳои исломӣ дар ин диёр ранҷ мебаранд ва мавриди ҳамалоти гуногуни мақомдорон қарор мегиранд. Лек боз дар даврони ба ном соҳибистиқлолии кишвар , ки боистӣ мардум аз ин ҳама озору ранҷ ва маҳдудаҳо бираҳанд ва зери сояи давлат паноҳ бошанд ва бидуни ҳеҷ эҳсоси хатар ба ибодот ва кори хеш масруф бошанд, баръакс ба мушкили ин бандагони мазлуми Худо боз сахтиҳое аз намояндагони худӣ бор шудааст.
Бо баҳонаи “беҳуҷҷат ва ғайриқонунӣ будан”, ибтидо масоҷидамонро бастанду хароб карданд ва ба чойхонаю сартарошхонаю тӯйхона табдил доданд. Бо баҳонаи “Салафият” ҷавонони боахлоқу диндор ва ҳаркӣ ба дардашон намехурд, зиндон карданд.
Ҳеҷ пуштибон ва ҳомие пайдо нашуд, ки нашуд, то аз ҳуқуқи ин ҳама ҳарф занад.
Ҳол он ки қонун мегӯяд:
Моддаи 14:
“Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.”
Омаданду ахиран барои худ қонуне бо номи “Танзим” ҷур карданд, ки бештари нуқоташ хилофи Сарқонун буд, ва зери сояи “Танзим” дигар ба танзими ҳаёти инфиродии мардум шурӯъ карданд. Мардумро ба худию бегона ҷудо карданд.
Ришҳои мардонро ба танзим дароварданд ва гуфтанд, ки риши як имом бояд масалан ду сантиметр бошад ва як мард бояд аз синни чанд риш гузорад ва ба чӣ шакл. Чандин ҷавонро ба хотири риш шаҳид карданду зиндонӣ карданд, ки яке аз онҳо Умарҷон аз шаҳри Ваҳдат буд, ки пулиси шаҳр бо шиканҷа ба хотири ришаш ба шаҳодаташ расонид.
Намояндаи Пулис баён карда буд, ки чанд ҳазор ришро ба тартиб даровардем.
Вале қонун чизе дигар мегӯяд:
Моддаи 5. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд.
Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои
фитрии инсон дахлнопазиранд.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз
менамояд.”
Қонун дигар назди инҳо бечора аст ва ба пуштибоне ниёз дорад, чӣ расад ба пуштибонии мардум.
Бо баҳонаи Фарҳанги бегона ва тарғиби фарҳанги миллӣ ба чаповул ва дастдарозӣ ба номуси мардум даст заданд. Таҳсил ва кору фаъолиятро барои занони рӯймолпӯш боздоштанд ва шурут ва меъёре гузоштанд, ки ҳамагӣ хилофи қонун. Бо ҳиҷоб ҳама чӣ мамнӯъ! Аз расми шиноснома то таҳсил дар боғчаю мадрасаю донишкадаю донишгоҳ ва кор дар ҳама ҷо! Бо ин шиор чунон тарғиб карданд, ки дигар ҳар хасу хошок аз худию бегона ҳарф мезанад. Ҳар лучу урён аз фарҳанги миллӣ ҳарф мезанад ва ба таҳқири занони покизаю парҳезгор мепардозад. Ҳол он ку либоси ба баркардаи худаш ҳеҷ бастагӣ ва шабоҳате ба либоси миллӣ ва фарҳанги миллат надорад. Фақат ин кофист, ки ҳиҷоб набошад.
Ин ҳама аз куҷо сар мезанад?! Сабабаш чист? Кӣ ва чаро мардумро ба ҷони ҳам мешӯронанд ?!
Асли ин аз роҳбари давлат – Раҳмонов сар зад ва борҳою садборҳо аз минбарҳо дар сӯҳбатҳояш ба таҳқири занони ҳиҷобпӯш пардохт ва ба бадтарин шева баён кард. Занони ҳиҷобпӯшро “беақлу хирад, бесавод, зоғи сиёҳ, роҳгумзада, танфурӯш” ва аз ин ҳам бадтар ном бурд . Ва ба баркашидани ҳиҷобу либоси онҳо амри қатъӣ кард. Баъдан амалиёти зидди ҳиҷобу риш ва мусалмонон шурӯъ шуд. Дигар ҳаркӣ ҷуръат пайдо кард, то дар ин кори шум саҳме дошта бошад ! Ҳаркӣ дигар меояду мардумро фуҳш медиҳаду таҳқир мекунад ва аз сиёсати ҷанобаш ҳарф мезанад ! Чун медонад пушту паноҳе ҳаст. Раҳмонов аз марзи худ убур кард ва салоҳияту масъулияти хешро фаромӯш кард . Раҳмонов фаромӯш кард, ки:
Моддаи 64:
“Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд…мебошад.”
Раҳмонов фаромӯш кард, ки ҳаргоҳ ба ин мансаб тоза нишаст, чунин савганде ёд карда буд :
Моддаи 67:
«Ман, ҳамчун Президент савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқ, озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам, сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам, ба халқ содиқона хидмат менамоям»
Агар чунин будӣ, пас чаро пойбанд ба ин гуфтаҳо ва қонунҳо нест ва чаро ҳуқуқеро, ки қонун барои мардум муайян кардааст, зери суол мебарад? !
Қонун ба ин касоне, ки роҳбари давлат бесаводу нодону танфурӯшу дигар таҳқирҳоеяшон мекунад, иҷоза додааст, ки:
Моддаи 26.
” Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро
нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои дини иштирок намояд”
Набояд ба боварҳо ва ҳуқуқи фардии мардум дахолат кард!
Чун ин як амри шум ва бебаҳраю беҳуда аст! Зеро асл либосу ҳиҷобу риш нест! Ин либосу чодару аммома ҳама худист ва аз пахтаи тоҷик аст, на арабию туркию иронӣ! Асл андеша ва боварҳост, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ қудрате тавони нобудии боварҳои мардумро надорад! Зиёд касон ва қудратмандон ва қудратҳое қавитар аз ҷаноби Раҳмонов омаданду мағлуб шуданду шикастанду моли торих шуданду рафтанд ва бовар дорем, ин ва касоне ки ба ин кори нописанд даст мезананд, бидуни шак мағлубу манфур хоҳанд гашт! Ва нафрати мардум ҷовидонӣ бар эшон ва равони эшон равона хоҳад шуд!
Сарчашмаи ин ҳама ҳамоқат, бадбинӣ ва фитнабарангезӣ шахсияти раисиҷумҳур аст ва ҳаркӣ аз ӯ пайравӣ кард ва дар корҳои нописанд фармонбарӣ кард, чун ӯ аҳмақ шуд. Чун роҳбари давлат аз минбарҳо ба худ иҷоза дод ва вориди чунин мавзуъҳо шуду ба таҳқири шаҳрвандон кишвар гузашт, имрӯз ворисони ӯ мардумро аз пӯшидани ҳатто ҷуроби сафед боз медоранд ва тавсия мекунанд, то ранги ҷуроби кас чӣ гуна бошад ! Ва кас дар зимистон ва ё дигар фасли сол бояд чӣ ба бар кунад ! Ва кӣ ба писараш чӣ ном гузорад! Ва ё як сархуше вориди як масҷид шуда ва тамоми маҳалро ба боди таҳқир мекашаду меравад ва далелаш ҳам ин ки :” ин сиёсати роҳбари давлат аст ва бояд иҷро шавад “.
Ин ҳама рафтору кирдор ва амру тарғиботе, ки раиси ҷумҳур алайҳи мардуми хеш раво дид, барангезандаи кинаю бадбинӣ ва ихтилофу таҳқирҳое миёни мардум шудааст, ки ин ҳам хилофи қонун буда ва ҷиноят аст:
Моддаи 30
“Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст”.
Мардумро барои ин ки хилофи боварҳо ва кирдори нодурусти сарварони кишвар ҳастанд , мекушанду зиндон мекунанд.
Дигар додгоҳу додгарҳо ҳам мисли ҷаноб шудаанд ! Аз шиори ” Тақозои замон ҳамин будааст ” ва “номард бошу зинда бош” ба кор мебаранд! Ҳол он ки
Моддаи 17
“Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, ЭЪТИҚОДИ ДИНӢ, МАВҚЕЪИ СИЁСӢ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад”.
Вуҷуди ҷаноби Раҳмонов ҳамаро ҳамранги хеш кардааст ва бо рафтани ӯ ин ҳама вазъ дигар хоҳад шуд! Ҳамон туре ки бо рафтани “падараш” ва ба кор омадани роҳбари нав, ҳама чӣ тағйир ёфт ва Худо ба динаш ва мардумонаш дубора иззат дод!

(Видеои баромади Муҳаммадҷон Абдуллоев аз дақиқаи 39.15 то 46.02)

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза