Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” бо андӯҳу ғазаб аз марги фоҷиабори ду кӯдак, яке 6-сола ва дигаре 13-сола дар ноҳияи Шаҳристон, ки аз заҳролудшавии 4 кӯдаки хурдсол бо дуди ангишт ба ҳалокат расиданд ва дутои он дар ҳолати вазнин дар беморхона қарор доранд, изҳори назар мекунад. (…мо аз Худо ҳастем ва ба сӯи Ӯ бозгашт дорем. Сураи Бақара ояи 156. )
Ин ҳодисаи ҷонсӯз на танҳо дарди як хонавода, балки рамзи як низоми ноӯҳдабаро аст, ки ҷони шаҳрвандонашро қурбони беадолатиҳо ва манфиатҳои шахсӣ кардааст.
Режими Рахмонов, ки солҳо аз “истиқлолияти энергетикӣ” шудани Тоҷикистон ва “роҳандозии иқтисоди сабз” ифтихор мекунад, намехоҳад эътироф кунад, ки дар пайи сиёсати носозгори он мардум маҷбур ба истифодаи ангишт ва дигар манбаъҳои хатарноки гармидиҳӣ шудаанд.
Дар ҳоле, ки Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 20 миллиард киловатт/соат барқ тавлид кардааст, мардуми камбизоат ҳанӯз дар шароити асримиёнагӣ зиндагӣ мекунанд. Қисми зиёди ин барқ ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла имсол ба маблағи 82,3 миллион доллар ба Афғонистон ва Узбекистон, бо нархҳои пасттар аз арзиши дохилӣ фурӯхта шуд. Шаҳрвандони оддӣ, ки барои гармишавӣ имкони истифодаи барқро надоранд, маҷбуранд ангиштро ба хонаҳои худ баранд, ки ҳар сол даҳҳо қурбонӣ бар ҷой мегузорад.
Режими диктатории Раҳмонов дар соли ҷорӣ миллионҳо киловатт барқро ба кишварҳои ҳамсоя содир кард. Аммо ин даромад ба беҳбудии ҳаёти мардум равона нашуд. То ба ҳол, қисматҳои зиёди Тоҷикистон, бахусус ноҳияҳои дурдаст, аз дастрасӣ ба барқи доимӣ маҳруманд.
1. На барномаҳои ҳамоҳангшудаи таъмини барқи дохилӣ мавҷуд аст, на сиёсати иҷтимоие, ки барномаи гармидиҳиро барои хонадонҳои камбизоат таъмин кунад.
2 Коррупсия дар бахши энергетика: Ширкатҳои энергетикӣ зери назорати хонаводаи Раҳмон қарор доранд ва танҳо манфиати шахсиро дунбол мекунанд.
3. Фаромӯшии мардуми оддӣ: Барои манфиати чанд нафари болонишин, зиндагии ҳазорҳо шаҳрванд ба хатар гузошта мешавад.
То кай кӯдакон бояд қурбонии заҳролудшавӣ шаванд? То кай модарон бояд ашки нокомӣ бирезанд? Ин ҳодисаи дарднок дар Шаҳристон танҳо як намуна аст. Ва илло садҳои дигар ин шабу рӯз танқисии барқ доранд ва ё маргашон ва заҳролудшавии онҳо пинҳон аз расона ва шабакаҳои иҷтимоӣ мешаванд. Садҳо хонаводаи дигар низ дар саросари кишвар дар сардии зимистон бо заҳри ангишт мубориза мебаранд.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” бори дигар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ташкилотҳои ҳуқуқи инсон, кӯдак ва аз худи мардуми Тоҷикистон даъват мекунад, ки ба ин золимӣ режими кӯдаккуш муқобил бархезанд. Мардум ҳақ доранд зиндагии шоиста дошта бошанд.
Режими Раҳмонов, бояд ҷавоб гӯяд, ки барои чӣ шаҳрвандонаш дар асри XXI аз дуди ангишт мемиранд? Барои чӣ барқеро, ки мардум ба он ниёз доранд, ба хориҷ мефурӯшед?
То кай ҷони кӯдакон қурбони беадолатиҳои шумо хоҳад шуд?
Мо бовар дорем, ки ояндаи Тоҷикистон дар дасти худи мардум аст. Вақти он расидааст, ки низоми золиму кӯдаккушро сарнагун намуда, ҳаёти боадолат ва шоистаро барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон таъмин кунем.
Ҳадафи “Гурӯҳи-24”
озодӣ ва адолат барои ҳар як фарди Ватан!