25 марти соли равон фаъъоли маъруфи ҳуқуқи башар ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Маркази тоҷикон” Иззат Амон аз ҷониби кормандони полиси Русия дастгир гардид ва бо қарори Додгоҳи Тверскойи шаҳри Маскав шаҳрвандии русиягии ӯ лағв карда шуд. 27 март мақомоти Русия ӯро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Ҳангоми расидан ба Душанбе Иззат Амон аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт ва ба ҳабс гирифта шуд.
Бояд гуфт, ки бори аввал нест фаъъолони ҳуқуқи башар ва сиёсӣ дар Русия аз ҷониби мақомоти амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар ба таври ғайриқонунӣ боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод мешаванд. 1 сентябри соли 2020 бар хилофи қонунгузории байналмилалӣ узви фаъъоли Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Шобуддин Бадалов аз ҷониби кормандони амниятии шаҳри Нижний Новгороди Русия рабуда шуда, cанади паноҳандагияш бе ягон асоси ҷиддӣ бекор ва худаш ҳамон рӯз ба Тоҷикистон истирдод шуд. 20 сентябри ҳамон сол бошад, ду аъзои дигари ҳаракат Холов Фахриддин Зиёевич ва Қамаров Низомиддин Исомиддинович дар посгоҳи назди марзи Русия ва Эстония бо далели дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштан боздошт ва ба Тоҷикистон фиристода шуданд. Дар ҳар ду ҳолат ҳам мақомоти Русия ашхоси номбаршударо ғайриқонунӣ ба ҷониби Тоҷикистон фурӯхтанд, дар ҳоле, ки Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар истирдоди узви Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Холов Фахриддинро ба Тоҷикистон манъ кардааст.
Қобили зикр аст, ки соли 2014 шаҳрвандии русиягии узви дигари ҳаракат Мақсуд Иброҳимов низ ба таври ғайриқонунӣ лағв ва худаш ба Тоҷикистон истирдод ва ба 17 соли зиндон маҳкум гардид. Тақдири чанд тан аз фаъъолони ҳаракат, ки дар Русия ба таври мармуз нопадид гаштанд, то ба ҳол норавшан аст. Шаҳрвандии ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷикистонӣ дар Русия Каромат Шарифов низ, ки яке аз интиқодгарони Ҳукумати Тоҷикистон буд, чанд сол пеш ба таври ғайриқонунӣ бекор гардид ва худаш ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Ва инак Иззат Амон ҳам қурбони навбатии дасисаҳои мақомоти Русия ва режими истибдодии Раҳмонов шуд.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ин амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриинсонӣ ва ҷинояткоранаи мақомоти Русия ва Тоҷикистонро қотеъона маҳкум намуда, аз созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, нерӯҳои демократӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ даъват менамояд, ки ба ин гуна аъмоли ҳукуматҳои истибдодии Русия ва Тоҷикистон баҳои арзанда диҳанд ва барои фавран озод намудани ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Иззат Амон мусоидат намоянд.
Шӯрои сиёсии “Гурӯҳи 24”