Аз 22 сентябр сар карда, ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раҳмонов барои мардум боз як лимити нави нерӯи барқ ҷорӣ кард. Бо ин амал, режими Раҳмонов бори дигар мардумро дар зулмот қарор дода, зиндагии онҳоро дар фасли сарди зимистон боз ҳам душвортар мегардонад. Ин ҳолат, ки ҳар сол такрор мешавад, як навъ таҳқир ва паст задани мардум аст, ки дар шароити бӯҳрони иҷтимоиву иқтисодӣ дастгирии ҳукуматро надидаанд. Ба ҷои кӯмак ба халқ дар ин шароити сахт, ҳукумат ҳалли масоилро дар хомӯш кардани барқ мебинад, ки ин амал на танҳо хилофи ақли солим, балки нишонаи беэътиноӣ ва сӯиистифода аз мардум аст.
Раҳмонов дар чандин суханҳои худ мукарраран фармадааст: “…Аз соли оянда дигар барқ доимӣ мешавад ва мо ба истиқлолияти энергетикӣ мерасему дигар шумо аз барқ танқисӣ намекашед ва ғайра…”. Аммо ин дурӯғҳои Раҳмонов кай ҷомаи амал мепушанд, ба касе маълум нест.
Масъулони барқи тоҷик мегӯянд, ки зимистони имсола сарду тӯлонӣ хоҳад буд, аз ин рӯ, лимити барқро ҷорӣ кардаанд. Аммо ин баҳонаҳои хаста ва нокофиро мардум кайҳо дарк карданд. Дар асл, мушкил дар камбуди об, камбуди захираҳои табиӣ ё иқлими шадид на, балки дар идоракунии ғайримуассир ва фасоди густурдае қарор дорад, ки ҳукумати Раҳмонов тамоми соҳаҳои кишварро фаро гирифтааст. Режими Раҳмонов натавонистааст дар тӯли даҳсолаҳо на танҳо соҳаи энергетикаро рушд диҳад, балки ҳатто инфрасохторро ба талаботи муосир мутобиқ созад ва истиқлоличти энергетикиро барқарор кунад. Миллиардҳо долларе, ки дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла барқ, сармоягузорӣ шуданд, дар асл ба ҷайбҳои мансабдорон рафтаанд ва натиҷаи онро танҳо дар ҳисобҳои бонкҳои хориҷии элитаи кишвар мебинем, на дар беҳбудии рӯзгори мардум.
Амалкарди режими Раҳмонов, ки ҳар сол лимити барқро дар фасли сармо ҷорӣ мекунад, нишон медиҳад, ки барои онҳо аҳамияти зиндагии мардум дар сатҳи поёнтарин аст. Бе барқ мондани мардум, хусусан дар деҳоти кишвар, ки фасли сармо шадидтар аст, бевосита ба вазъи саломатӣ, зиндагӣ ва ҳатто ҳаёти одамон таъсири манфӣ мерасонад. Диктатури Тоҷикистон, ки худро ҳомии халқ ва давлат мешуморад, наметавонад вазифаи худ — таъмин намудани шароити муносиб барои зиндагии мардумро иҷро кунад.
Ин гуна сиёсат аз мардум дур аст ва ба ҷои расидан ба ҳалли ҷиддии мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва энергетикӣ, ҳукумат ба баҳонаҳои кӯҳна ва роҳҳои осонтар, ки танҳо бори халқи оддиро меафзояд, рӯ меорад. Дар ҳоле, ки кишварҳои дигари минтақа бо мушкилоти худ дасту панҷа нарм мекунанд. Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои худ даст кашида, наметавонад дар таъмини нерӯи барқ ба мардум худкифо шавад.
Ин вазъият маънои равшане дорад: ҳукумати феълӣ дигар қобилияти идора кардани кишвар ва хидматрасонӣ ба мардумро надорад. Ба ҷои рушди иқтисод, ба ҷои сохтани нерӯгоҳҳои нав, ба ҷои ҷалби сармоягузорӣ ба инфрасохтор, ҳукумат ҳоло ба ҷорӣ кардани лимитҳо рӯй овардааст, ки ин аз заъфи идоракунии иқтисодии давлат дарак медиҳад.
Мардум сазовори зиндагии беҳтар, сазовори рӯшноӣ ва гармӣ дар хонаҳои худ ҳастанд. Аммо он чизе, ки ҳукумат медиҳад, танҳо зулмот аст. Бо ҳар лимити нав, ки ҷорӣ мешавад, танҳо норизоии мардум, ваҳдати иҷтимоӣ ва эътимод ба ҳукумат бештар зери шубҳа меравад.
Суоле, ки дар ин вазъият ба миён меояд, ин аст: оё режими Раҳмонов барои халқи худ кор мекунад ё барои манфиати худ ва гурӯҳи хурди элита? Ва оё чунин ҳукумат метавонад дар оянда миллатро ба рушд ва ободӣ бирасонад? Воқеият нишон медиҳад, ки ин посух манфист ва то вақте, ки чунин системаи фасодзада ва беназорат идома меёбад, мушкилоти халқ ҳам ҷиддитар ва амиқтар хоҳанд шуд.
Вақти он расидааст, ки ҳукумати хонаводаги масъулиятро ба хуби ба дасти миллат супорад. Зеро мардуми Тоҷикистон сазовори зиндагии беҳтар ва ояндаи дурахшонанд.
Ҳаракати сиёсии “Гуруҳи-24”