Иттиҳоди Аврупо аз Русия хост, ки озору азияти муҳоҷирони Тоҷикро қатъ намояд, аммо режими диктатории Раҳмонов мутаассифона муҳри хомушӣ задааст.
Дар даврони ҳозира, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Федератсияи Русия дар ҳолати фишорҳои шадид, таҳқир, боздоштҳои дастаҷамъӣ ва хушунатҳои расмӣ қарор доранд, Иттиҳоди Аврупо бо изҳороти расмӣ аз Кремл талаб намуд, ки сиёсати табъизомез ва хушунатомез нисбати шаҳрвандони Тоҷикистонро қатъ кунад. Аммо, бо таъассуф, режими Раҳмонов дар назди ин зулму таъқибҳо хомӯш монда, на танҳо ҳимояи миллатро фаромӯш кардааст, балки бо ин хомӯшӣ ҳамдастӣ ва беғайратиро нисбати озори муҳоҷирон нишон медиҳад.
Солҳои охир, шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳрҳои мухталифи Русия, таҳти латукуб ва боздоштҳои ғайриқонунии мақомот қарор гирифта, таҳқир ва бераҳмӣ аз ҷониби мақомоти низомӣ ва амниятӣ ба онҳо таҳмил мешавад. Ҳамаи ин амалҳо бо баҳонаи “амнияти миллӣ” сурат мегиранд, дар ҳоле ки бегуноҳии бештари боздоштшудагон ба таври возеҳ собит шудааст.
Ҳамзамон, ҳеҷ як мақоми беғайрати Тоҷикистон — аз ҷумла президенти ғайриқонунӣ, вазири корҳои хориҷӣ ва сафир дар Маскав ҷуръати эълони изҳороти расмӣ ва ё ҳимоят аз шаҳрвандони худро надорад. Ин хомӯшии режими Раҳмонов на рамзи ҳушёрӣ, балки нишонаи таслим ва хиёнат ба мардуми худ мебошад.
Дар муқоиса, вокуниши президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба таъқиби шаҳрвандони кишвараш дар Русия намунаи матонат ва масъулияти воқеии як раҳбар барои ҳифзи миллат аст. Ӯ фавран эътироз ба Кремл ирсол кард, сафири Русияро ба Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон даъват намуд ва дар расонаҳо садои ягонаи ҳимояи муҳоҷирони Озариро баланд кард. Худи Илҳом Алиев дар изҳороташ гуфт:
“Хуни ҳар як шаҳрванди Озарбойҷон қиммат аст. Мо иҷозат намедиҳем, ки шаҳрвандони мо таҳқир ё кушта шаванд ва касе ҷавобгар набошад.”
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ин хомӯшии хиёнатомези режими Раҳмоновро маҳкум намуда, аз ҳамаи созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва миллати тоҷик даъват менамояд,ки хомӯш набошед, ба фишорҳои сиёсӣ ва таҳқир ҷавоб диҳед ва барои озодӣ, шараф ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандонамон мубориза баред!
Мо бовар дорем, ки озодӣ бо садо ва шуълаву ҷасорат оғоз мешавад ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳақ дорад, ки бе тарсу ҳарос ҳаёт ва ҳуқуқҳои худро ҳимоят намояд.
Хомӯшии Раҳмонов хиёнат ба миллат аст. Инро мардуми ҳарифи Тоҷикистон бояд донанд!
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”