12.1 C
Dushanbe
30.12.2024

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ЗИНДОНӢ ШУДАНИ НЕЪМАТИ ОЗОДӢ

 

9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман истиқлолияти худро эълон кард. Ин рӯз барои мардуми тоҷик ҳамчун як рӯйдоди таърихӣ ва муҳим, оғози сафари наве барои ташаккули давлатдории миллӣ ва худмуайянкунӣ буд. Дар ҳоле, ки истиқлолият бидуни ҷанг ва муборизаҳои хунин ба даст омад. Ин маънои онро дорад, ки мардуми тоҷикистон аз пояҳои амиқи таърихӣ ва талошҳои қаҳрамонони мардуми худ ба ин иди бузург расидаанд.

Таърихи ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқлолияти миллӣ бо номи бузургони миллат тавъам аст, ки дар замони ҳукумати Шӯравӣ барои барқарор кардани ҳуввияти миллӣ ва ташкили давлатдории тоҷикон мубориза бурданд. Ба мисли Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода аз шахсиятҳое буданд, ки дар раванди эҷоди ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон ва ҷудо кардани он аз ҳайати Ҷумҳурии Узбакистон саҳми бузург доштанд. 

Ҳарчанд Шӯравӣ ин ҳаракатҳоро дар доираи ҳадафҳои худ идора мекард, кӯшишҳои ин қаҳрамонҳо барои муҳофизат ва эҳёи фарҳанг, забон ва маънавиёти миллӣ арзиши фавқулодда доштанд. Чуноне, ки таърих гувоҳ аст, Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни ҷанг ва ё шикастнопазирии қавмҳо ба даст омад. 

Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ якчанд ҷумҳуриҳоро аз вобастагии сиёсӣ ва иқтисодӣ озод кард, ки Тоҷикистон низ яке аз онҳо буд. Бо лутфи Худованд, тоҷикон бе ягон муборизаи ҳарбӣ соҳиби давлати мустақил шуданд. Бо вуҷуди ин шиддати ҷанги дохилии баъд аз истиқлол нишон дод, ки неъмати истиқлолияте, ки ба даст омад, то куҷо осебпазир буд ва талабгори роҳбарии дуруст ва боадолат мебоист мебуд…

Бо онки Тоҷикистон расман соҳиби истиқлол шуд, амалӣ кардани арзишҳои истиқлолият бо фишорҳои дохилӣ ва берунӣ ҳамроҳ гардид. 

Мутаассифона, дар тӯли беш аз 30 сол пас аз истиқлолият, ин неъмат дар амал ба қафаси сиёсӣ ва назорати ҳукуматӣ гирифтор шуд. Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов, ки аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба таври қотеъ сари қудрат омад, ба ҷои дар амал татбиқ кардани арзишҳои озодӣ ва адолати иҷтимоӣ, мафкураи яккаҳукмронӣ ва диктатуриро пиёда кард.

Ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои мухолиф, ки барои ҳимояи арзишҳои озодӣ, адолат ва мардумсолорӣ талош мекунанд, зери фишори шадиди сиёсӣ ва амниятӣ қарор гирифтанд. Мухолифони ҳукумат, ба ҷои инки имконияти озоди баҳсу муколама дар ҷомеа дошта бошанд, аксаран бо таъқиб, зиндон ва ҳатто ба марг рӯ ба рӯ мешуданду мешаванд. Қонуни озодии матбуот ва ҳизбҳои сиёсӣ дар амал маҳдуд гардида, дар Тоҷикистон як фазои сиёсии бастаи худкома эҷод шуд, ки ин зидди арзишҳои асосии истиқлолият мебошад.

Истиқлолияти Тоҷикистон, ки бо талошҳои бузургони миллат ва бе ҷангу хунрезӣ ба даст омад, дар зери ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов ба як зиндон табдил ёфт. Дар ҳоле, ки мардум истиқлолиятро ҳамчун неъмат ба даст овард, имрӯз ин неъмат дар қафаси сиёсӣ зиндони шудааст. Озодӣ ва адолат, ки барои ҳар миллат асоси пешрафтанд, дар Тоҷикистон фишор ёфта, ҳар нафаре, ки барои ин арзишҳо талош мекунад, аз ҷониби ҳукумат таъқиб мешавад. 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” бо ҳамроҳии дигар нерӯҳои мухолиф, барои дифоъ аз арзишҳои истиқлолият ва озодии воқеӣ мубориза мебаранд. 

Гарчанде, ки дар Тоҷикистон на танҳо Истиқлолият давлатӣ, балки на истиқлолияти марзӣ, амниятӣ, озуқаворӣ ва на истиқлолияти сиёсиву ҳуқуқӣ боқӣ мондааст, бар замми ҳамаи ин маризиҳои бадани истиқлол бояд мардуми Тоҷикистон аз таърихи худ дарс гирад ва барои озодии воқеӣ ва эҳёи арзишҳои истиқлолияташ муборизаро идома диҳад.

Бо умеди Истиқлолияти воқеӣ ва муборакбодии мардуми Тоҷикистон аз номи “Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”.

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза