3.1 C
Dushanbe
25.12.2024

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК!

Мардуми Тоҷикистон ҳамасола 9 сентябр ҷашни Истиқлоли кишварро таҷлил менамоянд. Истиқлол- яъне озодии комил ва соҳибихтиёрӣ, аз ормонҳои деринаи мардуми фарҳангпарвар, озодихоҳ ва ҷабрдидаи мо дар тули таърих буд. Ҳарчанд дар замони салтанати Иттиҳоди Ҷамоҳирии Шӯравӣ як теъдод фарзандони миллат барои ба даст овардани он талош карданд, вале ин орзуи садсолаҳо ниҳоят пас аз пош хӯрдани Шӯравӣ ҷомаи амал пӯшид. Имрӯз Ҳукумати Раҳмонов ва мубаллиғини режими худкомаи ӯ дар қатори дигар сарватҳои моддиву маънавии миллат мехоҳанд Ҷашни Истиқлолро ҳам ба номи худ пайванд диҳанд ва онро сирф хидмати Раҳмонов арзёбӣ кунанд. Дар сурате, ки Эъломияи соҳибистиқлолии кишвар дар замони сарварии Раиси вақти Шӯрои Олии ҶШСС Тоҷикистон марҳум Қадриддин Аслонов қабул гардида буд.

Имрӯз Ҳукумати Раҳмонов на танҳо ин ҳақиқати таърихиро намехоҳад ба ёд оварад, балки мақсад дорад, ки номи аввалин муборизини роҳи озодӣ ва соҳибихтиёрии Ватани моро аз саҳифаи таърих берун кунад ва номи худро дар он сабт намояд. Вале ин кор имконнопазир аст ва ҳақиқати таърихиро намешавад иваз кард ва яқинан рӯзе мерасад, ки Раҳмонов барои ин ҷиноятҳои худ дар назди таърих ва мардум ҷавоб хоҳад дод.

Раҳмонов тули 28 сол аст, ки дар арафаи ҷашни Истиқлол дар бораи комёбиву муваффақиятҳои ба даст овардаи худ ва Ҳукуматаш ба мардум “ҳисобот” медиҳад. Вале дар асл ин ҳама суханони пучу бемоя ва авомфиребона буда, аз ҳақиқати ҳол фарсахҳо дуранд. Биёед вазъи кишварро дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба таври иҷмолӣ аз назар гузаронем, то бифаҳмем, ки оё мо имрӯз дар воқеъ соҳибистиқлол ҳастем ё на?

Аз лиҳози сиёсӣ ҳарчанд мо соҳиби Давлат, Сарқонун, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва низоми ҳукмрон гардидем, вале ин ҳама дар зоҳир буда, Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ то ба имрӯз побанди Русия ва Чин аст ва ба таври мустақил наметавонад ягон масъаларо ҳал кунад.

Чун иқтисод муайянкунандаи сиёсат аст, Тоҷикистон аз ҷиҳати иқтисодӣ аз Чин ва Русия сахт вобаста аст: Назди Чин қарзи зиёд дорад. (беш аз 1,5 миллиард доллар) ва аз ин сабаб маҷбур шуд, ки 1% хоки кишварро ба Чин диҳад. Ҳоло Чин боз даъвои гирифтани як қисми дигари замини Тоҷикистонро дорад. Илова бар ин, Чин имрӯз бар ивази қарзҳояш қариб тамоми корхонаҳои истеҳсоли тилло ва дигар маъданҳои кӯҳиро дар ихтиёр дорад.

Дар кишвари Русия бошад, ҳадуди 2 миллион нафар муҳоҷири кории мо кору зиндагӣ мекунанд ва ҳамасола беш аз 2,5 миллиард доллар ба кишвар ворид менамоянд, ки ин сеяки буҷаи солонаи кишварро ташкил медиҳад. Дар сурати ворид нашудани ин маблағ ба Тоҷикистон вазъи вахими иқтисоди кишвар боз ҳам бадтар мешавад.

Раҳмонов борҳо эълон намуд, ки кишвар дар марҳилаи ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ қарор дорад. Вале бо гузашти беш аз 20 соли ҷанг мушкили барқ то ба ҳол ҳал нашудааст.

Дар масъалаи таъмини мардум бо оби тоза ҳам бо вуҷуди аз минбарҳои баланд сухан рондани Раҳмонов ва баргузор намудани чорабиниҳои бемаънии байналхалқӣ мардуми кишвар то кунун аз оби нӯшиданӣ танқисӣ мекашанд.

Дар самти иҷтимоӣ бошад, Тоҷикистон дар қатори қашшоқтарин кишварҳои олам ва дар сафи 10 кишвари рушднокардатарини ҷаҳон дохил мешавад. Маоши ночиз боиси афзоиши фасод ва аз тарафи мансабдорон талаву тороҷ гардидани молу мулки мардум ва буҷаи давлат гардидааст.

Тамоми соҳаҳои сердаромади иқтисод дар инҳисори хешовандони Раҳмонов қарор доранд. Онҳо на танҳо маблағи барқро намепардозанд, ҳатто бо Қарори Маҷлиси Олии кишвар аз супурдани андоз ҳам озод ҳастанд. Набудани бозори озод ва рақобат монеъи рушди соҳаҳои иқтисод гардидааст.

Дар самти ҳуқуқбунёдии кишвар, ки дар Сарқонун дарҷ шудааст, вазъият боз ҳам бадтар аст. Тули 28 сол дар кишвар хеч интихоботи озод ва демократӣ сурат нагирифтааст ва созмонҳои ҳуқуқи башар тамоми интихоботҳои кишварро ғайришаффоф арзёбӣ намуда, онҳоро эътироф накардаанд. Раҳмонов тамоми рақибони сиёсии худро нест, ё зиндонӣ ва ё маҷбур ба фирор намудааст. Ҳама ҷо беқонунӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон ҳукмрон аст. Озодии баён, озодии дин ва дигар озодиҳои фитрии инсон вуҷуд надоранд. Хулоса, дар ин самт ҳам Тоҷикистон дар “рӯйхати сиёҳ” ва дар сафи кишварҳои ғайридемократӣ дохил аст.

Вазъи соҳаи тандурустӣ ҳам ба ҳама маълум аст. Бӯҳрони вируси куруно исбот намуд, ки ин соҳа ба ислоҳоти куллӣ ниёз дорад. То ба ҳол мақомоти кишвар омори воқеъии беморон ва ҷонбохтагони ин бемориро аз мардум ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ пинҳон медоранд. Кор ҳатто то ба дараҷае расид, ки кумакҳои хайрия ва башардустонаро ғорат карданд ва ба мардум фурӯхтанд.

Дар самти фарҳанги миллӣ ҳам мо дар зарфи 28 сол натавонистем асолати миллии худро барқарор кунем, забони ноби форсии тоҷикиро рушду такомул диҳем, ба алифбои ниёгон баргардем ва номи таърихии забонамонро барқарор намоем. Вазъи мактабу маориф ва таълиму тарбия низ дар ҳамин сатҳ қарор доранд.

Хулоса, дар зарфи ин солҳо мо метавонистем як ҷомеаи воқеан озоду демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ободу пешрафта ва аз бисёр ҷиҳат соҳибихтиёр бунёд намоем. Вале натавонистем, зеро Ҳукумати Раҳмонов ба ин монеъ аст. Пас, то режими худкома ва ҷинояткори Раҳмонов дар сари кор аст, мардуми Тоҷикистон наметавонанд истиқлоли воқеъӣ ба даст оваранд ва як ҷомеъаи мардумӣ, озод, демократӣ ва ободу шукуфон бунёд намоянд. Барои ба ин ҳадаф расидан бояд мубориза бурд ва ин низоми касиф ва ҷиноятпешаро сарнагун кард.

Бо умеди пирӯзӣ ва расидан ба ин аҳдофи нек, иҷоза диҳед, ҳамаи Шумо, мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии ин Ҷашни муборак табрику таҳният намуда, бароятон сиҳатмандӣ, сарбаландиву саодат ва пирӯзӣ орзу намоем.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза