Пайгирии роҳи Адолат ва Озодӣ дар чаҳор соли янда…
1-уми декабри соли 2024, дар таърихи “Гурӯҳи-24” рӯйдоди муҳим баргузор мешавад – интихоботи роҳбарии нав. Ин чорабинӣ дар шароите сурат мегирад, ки ҳаракат солҳои тӯлонӣ дар мубориза бо низоми золими Раҳмонов истодагарӣ кардааст. Интихоботи роҳбарӣ на танҳо қадаме ба таҳкими ҳаракат, балки як паёми қавӣ барои мардуми Тоҷикистон аст, ки умед ба озодӣ ва адолатро ҳеҷ гоҳ набояд аз даст диҳанд.
Дар роҳи адолат ва озодӣ, “Гурӯҳи-24” талафоти бузурге додааст. Муассиси ҳаракат, Умаралӣ Қувватов, ки мутаассифона Ӯ, 5 марти соли 2015 дар шаҳри Истанбули Туркия бераҳмона ба шаҳодат расонида шуд. Қатли Ӯ на танҳо як зарбаи шахсӣ ба ҳаракат, балки нишонаи равшани тарси низоми Раҳмонов аз ҳақиқат ва озодӣ буд.
Баъд аз қатли Қувватов, Роҳбари Ҳаракат дигар муборизини ин гурӯҳ роҳбариро ба ӯҳдаи худ доштанд, ки дере нагузашта баъди фитнаҳои дохилӣ ва баромадани баъзе мухолифину муборизин аз ин Ҳаракат, Сӯҳроб Зафар, як чеҳраи далеру рӯҳбаланд, роҳбарии ҳаракатро ба ӯҳда гирифт. Вай бо иродаи қавӣ ва садоқати беназир ҳаракатро идома дод, дар ҳоле, ки ҳамеша таъкид мекард, мубориза бояд осоишта ва фарҳангӣ бошад. Аммо 10 марти соли 2024 ӯ нопадид шуда, пас аз муддате маълум гардид, ки бо таҳдиду зӯроварӣ ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Дар як мурофиаи ноодилона, Сӯҳроб Зафар ба мӯҳлати 30 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Ин ҳукм нишонаи бераҳмии низоми золим ва кӯшиши хомӯш кардани ҳар садои мухолифат аст.
Бо вуҷуди ин ҳама фишорҳо ва талафот, “Гурӯҳи-24” имрӯз ҳам қавӣ ва муттаҳид боқӣ мондааст. Се номзади пешбаришуда барои роҳбарии ҳаракат – Дилшод Шарипов, Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор ва Муҳаммадҷон Абдуллоев – бо таҷриба ва дидгоҳи худ қадаме ба ояндаи ҳаракат мегузоранд. Ҳар кадоме аз онҳо омодаанд, ки мероси Умаралӣ Қувватов ва Сӯҳроб Зафарро давом диҳанд ва муборизаи осоиштаро барои озодии Тоҷикистон идома диҳанд.
Ҳамаи номзадҳо барномаи ягона доранд: мубориза барои озодӣ ва адолати иҷтимоиву сиёсӣ дар Тоҷикистон. Аммо роҳҳои онҳо метавонанд гуногун бошанд ва интихоботи оянда аз аъзои ҳаракат талаб мекунад, ки беҳтаринро интихоб намоянд.
Паём ба мардуми Тоҷикистон!
Мардуми азизи Тоҷикистон! Дар ёд дошта бошед, ки мубориза барои адолат осон нест, аммо пирӯзӣ ҳамеша азони онҳост, ки сабр ва иродаи қавӣ доранд. “Гурӯҳи-24” на танҳо як ҳаракат, балки рамзи умед ва талош барои насли ояндаи миллат аст. Бо вуҷуди ҳамаи талошҳои режим барои хомӯш кардани ҳақиқат, мо бо роҳҳои фарҳангӣ ва бо даъвати илмомӯзӣ ба мубориза идома медиҳем.
Интихоботи навбатӣ имконест барои таҳкими ҳаракат ва ҳамоҳангии он. Мо бовар дорем, ки дар оянда, бо иттифоқ ва муборизаи осоишта, рӯзе адолат пирӯз мешавад.
Ёди Умаралӣ Қувватов, иродаи Сӯҳроб Зафар ва ваҳдати миллат – роҳи озодии мост!
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”.