Мо, ҳамчун як ҳаракати сиёсии мустақил ва мухолифи ҳукумати худкомаи Раҳмонов, аз ҳар гуна талоше, ки заминасоз ва сабаби зарба задан ба воҳима, убуҳат ва худнамоии Раҳмонов мешавад ва моҳияти ҷинояткоронаи режими хонаводагии диктаториро ошкор мекунад, пуштибонӣ мекунем. Ин талош, хоҳ аз ҷониби шахси алоҳида бошад ва хоҳ аз ҷониби гурӯҳҳои мухталиф. Танҳо барои мо муҳим он аст, ки ба муқобили диктатор равона гардида бошад.
Бо ин ҳол, воқеияти ҷаҳони имрӯз ва таҷрибаи ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” нишон медиҳад, ки, мутаассифона, мубориза бар зидди як режими ҷинояткор дар кишваре, ки аз доираи манфиатҳои стратегии қудратҳои ҷаҳонӣ дур аст, бо роҳҳои қонунманд ва бо такя ба ниҳодҳои байналмилалӣ, мисли Додгоҳи Гаага, муваффақият ва поёни диктатураро таъмин намекунад.
Мо роҳи ҳақиқиро дар хезишҳои мардумӣ ва муборизаи ошкоро дар шакли эътирозу гирдиҳамоиҳо мебинем. Ҳамон гунае, ки ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” аз рӯзҳои аввали фаолияти худ ин роҳро интихоб кард ва ҳамчунон ба он содиқ аст.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”