16.1 C
Dushanbe
24.11.2024

Изҳороти “Гурӯҳи 24” нисбат ба рӯйдоди хунин дар маҳбаси ш. Ваҳдат

Дирӯз (19.05.2019) дар Муассисаи Ислоҳии ш. Ваҳдат ҳодисаи хунине рӯх дод, ки дар он бештар аз 30 шаҳрванди кившар ҷони худро ба таври мармуз, мазлумона аз даст доданд. Бино ба хабарҳои расида, маҳбусон дар ҳоли машғули намози таровеҳ будан, ҳадафи ҳамлаи аскарони махсуси мақомот қарор гирифта, ба таври ом кушта шуданд. Он чӣ ки мақомоти кишвар дар ин бора гузориш дода, мисли ҳамешагӣ мавриди эътибор қарор надорад. Чун ин бори аввал нест, ки дар Муассисаҳои ислоҳии зиндонҳо бо зиндониён чунин бархӯрдҳои ғайри инсонӣ сурат мегирад. Чанде пеш дар Зиндони шаҳри Хӯҷанд айни ҳамин ҳодисаро анҷом дода буданд, ки дар натиҷаи он бештар аз 60 нафар кушта шуд.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ин амали террористии мақомоти кишварро қатъиян маҳкум карда, ба хонаводаи қурбониёни ин фоҷиа таслият арз намуда, ба эшон бардошту бурдборӣ дар ин мусибати сангин хоҳон аст. Умедворем, ки Худованд шуҳадои ин ҳодисаи нангинро ба даргоҳаш қабул фармояд.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” барои ошкорсзоии асли воқеъият аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархост менамояд, ки як комисюни махсус ташкил карда, тадқиқоти ҷиддие ба роҳ монда шавад ва аз рӯзноманигорони алоҳида ва шаҳрвандони кишвар дархост мешавад дар ин қазия бе тараф набошанд.
Ин ҳодиса ҳам маҳсули дасти макру дасисаи режими Раҳмонов мебошад ва маҳз барои нобуд сохтани мухолифон ва дигарандешон дар дохили зиндонҳо ба роҳ монда шудааст, ҳамон тавре ки мухолифинашро дар хориҷ аз кишвар ҳатто ба қатл мерасонад.
Ба ин амали шум, хунин ва нангини ҳукумат бояд посухи муносибе дода шавад!

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза