9.1 C
Dushanbe
22.12.2024

Изҳороти “Гурӯҳи 24″ нисбат ба дурӯғпардозтарин расонаи расмии ҳукумат – ” Ховар”

Сомонаи “Khovar.tj”, сомонаи расмии ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад ва тамоми ахбори на танҳо марбут ба ҳукумат, балки тамоми ахбори расмии дохилӣ ибтидо аз ин расона нашр мешаванд. Ин сомона расман ба як расонаи дурӯғпароканӣ ва дурӯғросткуни ҳукумати Тоҷикистон табдил шудааст. Ноширонаш ҳам аксаран одамони ҷаълӣ (фейкҳо) шудаанд.

Дирӯз (18.04.2019) ин сомона хабареро нашр кард, ки дар он иддао шудааст, ки гӯиё кишвари Туркия “Гурӯҳи 24”-ро бо сабаби алоқамандияш бо терроризм аз ин кишвар хориҷ кардааст.

Дар ин хабар нисбат ба “Гурӯҳи 24” ду бӯҳтон ва ду дурӯғи беасос ҷой дорад ва ноширони он дидаю дониста ба хонандагонашон ва ба мардум бидуни шарму ҳаё чунин ҷарандиётро нашр кардаанд. Илова бар ин, ин дурӯғҳоро аз забони гӯиё раиси Маҷлиси Бузурги Туркия – Мустафо Шентоп расонаӣ кардаанд. Ҳол он ки ҳеҷ далел ва нишоне аз сарчашмаи ин нишаст ҷой надодаанд. Агар чунин чизе мебуд, ҳукумат на танҳо онро аз тариқи ин расона, балки тариқи телевизюни давлатӣ ба намоиш мегузошт. Дар посух ба ин газзофкориҳо бояд гуфт, ки чунин амале аз ҷониби кишвари Туркия то ба имрӯз нисбат ба “Гурӯҳи 24” анҷом дода нашудааст ва комилан рӯшан аст ва вуҷуди роҳбари “Гурӯҳи 24”- Сӯҳроб Зафар ва намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия – Насимҷон Шарифов бо дигар аъзои ин гурӯҳ дар Туркия худ далеле бар ботил ва дурӯғ будани хабари сомонаи дурӯғзо- “Ховар” аст .

Ин ки “Гурӯҳи 24”-ро бо терроризм алоқаманд ном бурдаанд, мисоли дар осмон мех кубидан аст. Чун “Гурӯҳи 24” аз рӯзи таъсисаш, як гурӯҳи комилан мардумист ва ҳаргиз аз мардуми кишвар ҷудо будан наметавонад ва ҳадаф ҳам аз таъсиси ин гурӯҳ, нобуд кардани режими худкомаи хонаводагӣ ва ба сари қудрат овардани ҳукумати мардумист. Илова бар ин, дар замони боздошти роҳбари “Гурӯҳи 24” дар Туркия, чунин иттиҳомот аз ҷониби Раҳмонов ирсол шуда буданд ва Додгоҳи Олии Туркия тамоми ин бӯҳтонҳоро беасос ва дурӯғ номида, Сӯҳроб Зафарро дар торихи 5.10.2018 дар рӯзи зодрӯзи Раҳмонов озод карда буд. Бояд гуфт, ки “Гурӯҳи 24” на танҳо дар Туркия, балки дар дигар кишварҳо, ба хусус кишварҳои СНГ озодона ва бидуни ҳеҷ мамониате фаолияти худро идома дода истодааст ва ҳанӯз аз ҷониби ҳеҷ кишваре фаъолияташ мамнӯъ нашудааст.

 

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза