9.1 C
Dushanbe
22.12.2024

Изҳороти “Гурӯҳи 24” дар бораи мавқеъи ҳаракати сиёсӣ дар робита бо интихоботи раисҷумҳурӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон 11 октябр бояд интихоботи раисҷумҳурӣ баргузор гардад. Тибқи иттилоъи расонаҳо Раҳмонов ва чаҳор лухтакаш худро номзад ба мақоми раисҷумҳурӣ пешбарӣ карда, ин рӯйдоди муҳимро ба як масхарабозии навбатии бо натиҷаи аллакай маълум табдил доданд. Режими диктаторӣ ба ягон номзади мустақил иҷозат надод, ки ба ин мақом номзадияшро пешбарӣ кунад.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” номзадии Рахмоновро дар интихоботи оянда ғайриқонунӣ мешуморад, зеро тибқи моддаи 1.2 Оинномаи худ Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” нусхаи Сарқонуни то санаи 22 майи соли 2016- ро ба расмият мешиносад. Ба Сарқонун ворид намудани тағйиру иловаҳо дар санаи 22.05.2016 ва қабул гардидани қонуни ба ном конститутсионии “Дар бораи пешвои миллат”- ро Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ҷинояти авлоди Раҳмонов арзёбӣ менамояд, ки барои ин аъмолашон онҳо ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. Бар асоси Сарқонуни то соли 2016 диктатор Раҳмонов дигар ҳақи пешбарии номзадии нопоки худро надорад.

Бо назардошти гуфтаҳои боло Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24″ изҳор медорад: ” Пешбарии номзадии Раҳмонов дар интихоботи ояндаи раисҷумҳурӣ ғайриқонунӣ аст ва мутаносибан ин масхарабозии муташаккил, роҳ надодани номзадҳои мустақил ва тақаллуб бо натиҷаҳои аллакай маълуми интихоби диктатор Раҳмонов ғайриқонунӣ мебошанд”.

Шӯрои сиёсии”Гурӯҳи 24″

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза