ГУРӮҲИ 24

Идомаи эътирозҳо дар дигар шаҳрҳои Руссия

Талотуми тазоҳуротҳои ҷавонон дар Маскав, сабаби саршавии тазоҳуротҳо дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Самара, Екатеринбург, Новосибирск, Кемерово, ва дигар шаҳрҳои вилояти Маскави Федератсияи Русия шуданд. Хабари тазоҳурот дар Маскав, барои муҳоҷирини меҳнатии Тоҷикистон, ки дар дигар шаҳрҳои Руссия иқомат мекарданд, баҳонае шуд, то ки ба нишони эътироз ҷамъ оянд. Мардум дар шабакаи радиоии “зелло”, дар мавҷи “Тоҷикистони нав” “Новый Таджикистан” дохил шуда, даъват мекарданд, то ҳаракати сиёсии мухолифин:«Гурӯҳи 24» ва ҳаракати сиёсии мухолифин: «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» дар шаҳрҳое, ки эшон иқомат доранд, алайҳи ҳукумати худкомаи Раҳмонов гирдиҳамоиҳо барпо доранд. Ҳамчунин, ҳаракатҳои ҷамъиятии муҳоҷирини меҳнатӣ низ, расман мардумро ба гирдиҳамоӣ фаро мехонданд.

Пас аз барпо гаштани тазоҳурот дар шаҳри Маскав, тазоҳуроти дигаре дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор гашт, ки гирдомадагон, тоҷикони муқими ҳамин шаҳр буданд. Дар миёни тазоҳуротгарон ҳама гуна қишри ҷомеъа иштирок доштанд. Мардуми таҳсилдида ва мардуми таҳсил фаро нагирифта, бо андешаҳои гунугун. Онҳо гуногунандеш буданд, вале тоҷикистонӣ буданд. Онҳоро дарди муосир муттаҳид гардонда буд. Ба хотири ободӣ, эҳё, пешравӣ ва як давлати ободу озод сохтан ва барои он ҷиноёте, ки Раҳмонов барои мардумаш раво дида, ӯро муҷозот кунанд.

Баъдан, боз тазоҳуротҳо, дар шаҳрҳои Кемерово, Самара баргузор гардид. Намояндагони ҳаракати сиёсии мардумии “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” барномаҳои баъдии ҳаракати сиёсиро бар мардум тавзеҳ доданд. Ҳамчунин, мардуро барои пайвастан ба ин ҳаракати сиёсии мардумӣ фаро хонданд. Дар ин гирдиҳамоиҳо донишмандон ба мардуми гирдомада аз сиёсат, аз иқтисодиёт, аз ҳуқуқи инсон, мардумсолорӣ, адолати иҷтимоӣ ва аз ҳолати мардуми дар ватанбуда маълумот доданд. Муҳоҷирони меҳнатӣ суханронӣ карда, аз дардҳои худ гуфтугуҳо доштанд ва ҳаракати сиёсии мардумиро ҷонибдорӣ карданд.

Раҳбари «Гурӯҳи 24» Қувватов Умаралӣ бо мардум суҳбатҳо мегузаронид ва дар шабакаи радиоии “зелло”, дар мавҷи “Тоҷикистони нав” – “Новый Таджикистан” аз барномаҳои ҳаракати сиёсӣ мардумро хабардор мекард. Ҳадафи ҳаракати сиёсӣ, дар асл, даъвати мардум ба ҳимоя аз ҳуқуқи худ ва пиёда кардани адл дар кишвари хеш мебошад.                                                                                                   Гузаронидани тазоҳуротҳо дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Кемерово ва дигар шаҳрҳои вилояти Маскави Федератсияи Руссия, як боварие барои муваффақ шудан ба раҳбарияти ҳаракати сиёсӣ шуд, то дар ватани хеш, бо дастгирии мардуми ватан, рӯзи 10-уми октябри соли 2014-ум, дар майдони Сомонӣ як тазоҳурот баргузор шавад.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Exit mobile version