Рӯзи 25.04, мулоқоти намояндагони ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо мақомоти баландпояи Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ (European External Action Service – Central Asia Division), ки қароргоҳи он дар шаҳри Брюссел ҷойгир аст, дар сатҳи олӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ масъулони минтақавии Осиёи Миёна, ниҳодҳои калидӣ ва таъсиргузор иштирок намуда, доир ба масъалаҳои марбута, табодули назар карданд.
Зимни мулоқот, ҷонибҳо перомуни масоили доғи Тоҷикистон, аз ҷумла поймолшавии ҳуқуқи инсон, таъқиби фаъолони сиёсӣ дар дохилу хориҷи кишвар, фазои носолими сиёсӣ ва интихоботҳои ношаффоф, мушкили дастрасии озод ба иттилоот, озодии шаҳрвандон, фишор ва шиканҷаи аъзо ва пайвандони дигарандешонро матраҳ намуданд. Дар рафти нишаст, масъалаи боздошти роҳбари “Гурӯҳи 24” Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов дар Туркия бори дигар дар миён гузошта шуд.
Ҳайати ҳаракат аз EEAS дархост карданд, то ҳарчи зудтар қазияро таҳқиқ намуда, барои манъи истирдод ва озод намудани онҳо чораҳои зарурӣ биандешанд. Дар умум, нишаст дар як фазои хуб доир гардида, ҷонибҳо такрор ва идомаи чунин нишастҳои рӯбарӯро муҳим шумурданд.
Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24