Ба номи Худованди бениҳоят бахшанда ва басо меҳрабон Инак мо дар пешорӯйи иди Қурбон ( иди азҳо) қарор дорем. Иди Қурбон рӯзи даҳӯми моҳи қамарии зилҳиҷҷа ва мувофиқ ба рӯзи ҷумъаи якуми сентябри имсол меояд. Иди Қурбон аз гиромитарин идҳои мусалмонон аст, ки ба ёди Иброҳим (а) ва фарзандаш Исмоъил (а) тавассути мусалмонон ҷашн гирифта мешавад. Сират ва зиндагии тамоми анбиё алайҳимуссалом пур аз қурбонӣ ва муҷоҳадаҳост, аммо зиндагонии шахсияти абармарди торих, ҳазрати Иброҳим (а) ба танҳоӣ торихе аст зиндаву ҷовидон ва пур аз қурбониҳо, муҷоҳадаҳо, ранҷҳою машаққатҳо, ҳиҷрат ва даъватҳо. Вақте даъвати роҳи ҳақро оғоз намуд, падар ва тамоми хонавода дар муқобили ӯ истоданд. Дар роҳи тавҳиду яктопарастӣ подшоҳи вақт эшонро ба оташ муҷозот кард. Билохира ӯ маҷбур шуд, ки роҳи ҳиҷратро пеша кунад, лизо аз ватани аслии хеш дар сарзамини Ироқ ( Бобул) ба сӯи Фаластин ҳиҷрат фармуд. ” Ва гуфт: ман ба сӯйи Парвардигорам меравам ва ӯ маро ҳидоят хоҳад кард .” Иди Қурбон пуршукӯҳтарин ийсор ва зеботарин ҷилваи таъаббуд дар баробари Худост.
Ба ин муносабат, мардуми мусалмон ва шарифи Тоҷикистон ва инчунин мардуми мусалмони дунёро аз номи роҳбарият ва аъзои ҳаракати ” Озодӣ ва Адолат” , ” Гурӯҳи 24″ ва ҳаракати ” Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон ” табрику таҳният намуда, аз Худованди бахшандаю пазиранда хостору умедворем, ки ҳаҷҷи ҳоҷиён, қурбонии қурбоникунандагон, ҷамъи парастишҳои ин рӯзҳои мубораки бандагонашро бо фазлу караму меҳрабонияш хоссатан барои хушнудии Хеш бипазирад ва барои эшон дар баробари ҳар як гомеву барои ҳар як тори мӯйе аз қурбониҳо подоши мубораку фаровоне рӯзӣ гардонад! Имрӯзҳо, мардуми шарифи мо барои расидан ба озодӣ ва дифоъ аз дину номусу шараф ва дигар ҳуқуқи хеш айни роҳи иброҳимиро тай намуда ва Иброҳимҳое дар ранҷу машаққату ҳиҷрат ва Исмоъилгунаҳое ҳам, дар зиндону сангарҳо омодаи қурбонӣ дошту дорад! Аз ин рӯзҳои хушҳолӣ, ки мо дорем мечашем, бародарону хоҳарони мо дар зиндону таҳхонаҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонови сатамгар ва соири ситамгарон мавриди шиканҷаю озорҳоеанд ва дуо мекунем, ки Худоё, занҷиру завлонаҳои ситаму бардагиро бишикан! Эй интиқомгирандаи Тавоно, аз ин ситамгарони бераҳму сарсахт интиқоми ин ҳама ситамдидагонро бигир! Худоё, ба зиндониён ҳарчӣ зудтар озодиро иноят фармоӣ! Худоё, ҷои оташи сӯзони ин сангдилонро ба гулистоне иброҳимӣ бадал гардонӣ!
Ҳукумати диктотурӣ ва қонуншикану саркашу манғиткеши Раҳмонов ҳуқуқ ва фарҳанги волои ин мардуми бофарҳангро нодида гирифта, фарҳанги биёбонии хешро болои ин мардуми ранҷдидаю заҷркашида таҳмил менамояд ва инсофи ин беинсофон то ҷое расида, ки ҳатто хӯшиҳоро аз атфоли ин миллат мерабоянд ва таътили қонунӣ ва фарҳангии кӯдакони миллатро ба зӯру ба ноҳақ аз эшон рабуда, атфолро аз шодию хӯшҳолиҳои идона маҳрум карда, ба мадрасаи маҷбурӣ мефиристанд! Умедворем, ки Иброҳимҳои ин миллат бо бардошти ин ҳама ранҷу озору машаққату саргардониҳои ҳиҷрат ва бо забҳи Исмоилҳои хеш рӯзе бар ин Намрӯдони ситамгар дастболою пирӯз хоҳанд шуд! Эй мардуми шарифи тоҷик, мо ҳар яке омодаи қурбонием, то ки шумо дар амну оромишу осоиш ва ваҳдату саъодату саломат ба сар баред! Шодобу фарҳехтаю фархунда бошед! Идатон хуҷаставу мубораку ҳумоюн бод!
Раҳбари ҳаракати “Озодӣ ва Адолат” Абдурраҳмон Б.